Тасвире, ки дунёро такон дод

Тасвире, ки дунёро такон дод
Тайи соатҳои гузашта интишори тасвире аз ғарқ шудани як падари элсолводурӣ бо духтари 2-солааш дар рӯди марзии Риу-Гронде дар марзи Мексик ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, расонаҳо ва шабакаҳои маҷозиро дар сар то сари ҷаҳон таҳти таъсир қарор додааст.

Ускор Олберту Мортинез Ромирез (Oscar Alberto Martinez Ramirez) – як падари эдсолводурӣ, ҳангоме ки мехост аз рӯди марзии Мексик убур карда ва вориди хоки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико шавад, ба ҳамроҳи духтари хурдсолаш, ки ба пушти худ баста буд, ғарқ шудааст.

Ҷасади ин падару духтар рӯзи душанбе дар рӯди марзӣ байни иёлати Тегзос ва Мексик кашф шудааст.
Бар асоси гузориши Associated Press, нахустин акс аз ҷасади ин падару духтар аз сӯи як хабарнигори мексикӣ гирифта шудааст.

Ин акс тайи соатҳои гузашта ба шиддат дар расонаҳо ва фазои маҷозӣ дар ҷаҳон дар ҳоли интишор аст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий