Контрабандистҳои тоҷики мошинҳои BMW ва Mercedes ба даст афтоданд

Контрабандистҳои тоҷики мошинҳои BMW ва Mercedes ба даст афтоданд
Мақомоти интизомии Литва аз боздошти як гурӯҳи фаромиллӣ хабар доданд, ки ба қочоқи мошинҳои гаронбаҳо аз Олмон, машғул буд.

Ба навиштаи расонаҳои Литва, ин мошинҳо ба шарқ, асосан ба Тоҷикистон содир мешуданд.Тибқи иттилои сомонаи хабарии «Ru.Delfi», аъзои ин гурӯҳи фаромиллӣ рӯзи 17-уми декабр дар пайи амалиёти пулиси Каунас дар ҳамкорӣ бо мақомоти Олмон, боздошт шуданд.


 

Манбаъ мегӯяд, ки боздоштшудаҳо ҳама шаҳрвандони Литва мебошанд.Дар ҳоли ҳозир шуморе аз гумонбаршудаҳо боздошт ва ҷустуҷӯи боқимондаҳо идома дорад. Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Вилнюс ва Каунас 8 нафар ба гумони қочоқи 15 худрави тамғаи BMW ва Mercedes дастгир шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ду тани дигар аз аъзои ин гурӯҳ дар Олмон ба даст  афтодаанд.

Як расонаи дигари ин кишвар навишт, ки дар ҳоли ҳозир чанд мошин дар ҳудуди Тоҷикистон пайдо шудааст. Як мақоми пулиси ин кишвар гуфтааст, ки ин таҳқиқот як сол бо ҳимояти ҳамкоронашон аз Олмон ва дигар кишварҳо, анҷом шудааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ба ҳол дар робита ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд ва маълум нест, ки иддаои қочоқи ин мошинҳо ба Тоҷикистон то куҷо воқеият дорад.

Аммо дар гузашта мақомоти тоҷик гуфта буданд, ки тақрибан 100 мошини дуздидашуда дар Аврупо дар ҳудуди Тоҷикистон ошкор ва мусодира шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий