Мақомот нақшаи ошӯбро дар зиндонҳои Душанбе рад мекунанд

Мақомот нақшаи ошӯбро дар зиндонҳои Душанбе рад мекунанд
Муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар зиндонҳои Душанбе ягон кӯшиши роҳандозии ошӯб ба қайд гирифта нашудааст, изҳор доштанд ба “Азия-Плюс” дар қабулгоҳи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

“Ҳеҷ гуна кӯшиши сар задани ошӯб вуҷуд надошт ва надорад, дар ҳеҷ кадоме аз зиндонҳои шаҳр тадбирҳои амният пурзӯр карда нашуда, ҳамаи муассисаҳои ислоҳии кишвар бо реҷаи маъмулӣ кор мекунанд”, - қайд кард намояндаи Сарраёсат.

Қаблан бо истинод ба як манбаъ дар Сарраёсати мазкур Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот ҳудуди 20 маҳбуси зиндони рақами яки шаҳри Душанберо "барои омодагӣ ба ошӯб" айбдор кардаанд.

“Ҳоло 20 зиндонӣ дар боздоштгоҳи алоҳида нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбат ба онҳо тафтиш ҷараён дорад. Ин гурӯҳи маҳбусон барои анҷоми як ошӯби монанд ба ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат омодагӣ медиданд. Аз махфигоҳе дар дохили маҳбас оҳанпораҳо барои ҳамла мусодира шудааст. Ин гурӯҳ дар гузашта барои узвият дар созмонҳои тундрав ба солҳои тӯлонӣ ҳукми зиндон гирифта буданд”, - гуфтааст манбаъ.

Гуфта мешавад, нақшаи ин маҳбусон барои анҷоми ошӯб, ба гуфтаи мақомот, пас аз ҳодиса дар зиндони шаҳри Ваҳдат, ки  дар ҷараёни он 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуданд ва "дар натиҷаи тафтиши фарогир" ошкор ва аз амалӣ шудани он пешгирӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар маҳбаси рақами ҳафт воқеъ дар Душанбе  низ гурӯҳе барои омодагӣ ба ошӯб гумонбар шудаанд.

“Айби инҳо пурра тасдиқ нашудааст, вале муфаттишон мегӯянд, далел пайдо кардаанд. Ҳатто “амирон”-и гурӯҳ низ боздошт шудаанд”, - иброз доштааст манбаъ.

Зимнан зикр мегардад, ки шахсияти ин зиндониён, ки гӯё ба ошӯб омодагӣ дидаанд, маълум нест. Тасдиқ ё инкори ин айб аз худи зиндониён ва ё пайвандони онҳо то ҳанӯз дастрас нест.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/laworder/20190626/maomot-nashai-oshbro-dar-zindonoi-dushanbe-rad-mekunand

Комментарии (0)

Оставить комментарий