Модари навраси ҳалокшуда: “Ӯ муҳандис шудан мехост”

Модари навраси ҳалокшуда: “Ӯ муҳандис шудан мехост”
Субҳи рӯзи 25 июн назди хонаи воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониши пойтахт ҷасади навраси 15-сола Фурқат Алимов дарёфт шуд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ худро аз ошёнаи 11-ум ба замин партофта, худкушӣ кардааст.

Модари наврас Татяна Алимова мегӯяд, соати 3:30 дақиқаи шаб ба онҳо дар бораи ин ҳодиса хабар дода, мошини ёрии таъҷилӣ ва кормандони милитсия баъди соати 5-и субҳ ба ҷойи ҳодиса омадаанд.

“Бовар надорам, ки писарам худкушӣ кардааст. Ӯ имтиҳонҳоро муваффақона супурда, синфи 8-ро хатм кард. Имрӯз ният дошт, ки барои истироҳат ба лагер равад”, - мегӯяд ӯ, ки соҳиби 6 фарзанд асту Фурқат писари дуюмаш мебошад.

Зумрад, ягона хоҳари Фурқат изҳор кард, ки охири моҳи май бародараш бо хонандагони синфи 7 муноқиша карда, ӯро ба шуъбаи милитсия бурдаанд ва баъди он ӯ каме хавотирпарешону ҳаросон мегашт.

Бино ба гуфтаи модари наврас, писараш ҳамеша машғули дарсхонӣ буда, бо касе дӯстии наздик надошт ва ба илмҳои табиӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, муҳандис шудан мехост.

Оилаи Фурқат Алимов камбизоат буда, ягона ризқрасони ин хонавода писари калонии оила Александри 19-сола мебошад, ки ба сифати сантехник кор мекунад. Дигар фарзандони оила хонандагони мактаб мебошанд.

“Ман касеро гунаҳкор намекунам, танҳо мехоҳам, ки ба саволҳои худ ҷавоб ёбам: кӣ айбдор асту чаро маҳз бо писари ман чунин ҳодиса рух дод”, - мегӯяд Татяна Алимова.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/society/20190626/modari-navrasi-alokshuda-muandis-shudan-mehost

Комментарии (0)

Оставить комментарий