Амрико Оятуллоҳ Хоманаиро таҳрим кард

Амрико Оятуллоҳ Хоманаиро таҳрим кард
Амрико дар вокуниш ба сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини ин кишвар дар Халиҷи Форс дар ҳафтаи гузашта, рӯзи душанбеи 24-уми июн алайҳи Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Эрон дар вокуниш ин амали Амрикоро нақзи муқаррароти байналмилалӣ хондааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бо имзои як фармон эълом кард, ки Вашингтон "таҳримҳои сахте алайҳи Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ҷорӣ мекунад".

Дар фармони иҷроии Доналд Трамп гуфта шудааст, ки ин таҳримҳо бинобар "иқдомоти вайронкоронаи Эрон ва гурӯҳҳои тарафдораш, ба вижа иқдомоте, ки суботро дар Ховари Миёна барҳам мезанад, ҳимоят аз терроризми байналмилалӣ, тавсеаи мушакҳои миёнапарвоз, фаъолиятҳои ғайримасъулона ва таҳрикомези Эрон дар обҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамла ба дороиҳои низомии Амрико ва киштиҳои ғайринизомӣ", ҷорӣ мешавад.

Трамп: "Ба таҳримҳо идома медиҳем"

Манзури Доналд Трамп аз дороиҳои низомии Амрико, ишора ба сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ аз сӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон дар ҳафтаи гузашта аст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки дафтари раёсати ҷумҳури Эрон ҳам шомили ин таҳримҳо хоҳад буд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар суханонаш раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро масъули "иқдомоти душманонаи ин режим" хонд. Вай изҳор дошт, "ин фармони иҷроӣ.... дастрасии раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, хонаводаи раҳбарӣ ва ҳамчунин афроди наздик ба вай ва дафтарашро аз ҳимоят ва манбаъҳои молӣ маҳрум хоҳад кард".

Вашингтон дар пайи ин аст, ки бо ҷорӣ кардани фишорҳои ҳарчӣ бештар, Эронро водор кунад, ки дар масъалаи барномаи мушакӣ, ҳастаӣ ва нақши Теҳрон дар минтақа, ба сари мизи музокирот биояд. Трамп мегӯяд, ки Амрико ба афзоиши фишори худ бар Эрон идома медиҳад.

Вай таъкид кард, ки "мо хештандории зиёде аз худ нишон додем, вале ин ба он маъно нест, ки дар оянда низ чунин хоҳем кард". Раиси ҷумҳури Амрико афзуд, ки кишвараш хоҳони даргирӣ бо Эрон ё ҳеҷ кишвари дигаре нест, вале Эрон
наметавонад ба силоҳи ҳастаӣ даст ёбад. Вай дар идомаи суханонаш гуфт, ки хоҳони музокира бо Эрон барои даст ёфтан ба як созиши нав аст, вале Теҳрон ин дархостро рад кардааст, магар ин, ки Вашингтон таҳримҳоро бекор кунад.

Таҳрими Зариф ва ҳашт фармондеҳи Сипоҳи посдорон


Чанд лаҳза пас аз имзои ин фармони Трамп, Стевин Мнучин, вазири молияи Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки ИМА то охири ҳафта Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эронро низ дар феҳристи таҳримҳо қарор хоҳад дод. Вазири молияи Амрико гуфт, ки бо фармони иҷроии нави президент Доналд Трамп, "миллиардҳо доллари дигар аз дороиҳои Эрон" масдуд хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин эълом кард, ки ҳашт фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар феҳристи нави Амрико қарор гирифтаанд. Вазири молияи Амрико гуфт, Алиризо Тангсерӣ, фармондеҳи нерӯҳои баҳрӣ, Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи ҳаво-фазо ва Муҳаммад Покпур, фармондеҳи нерӯҳи заминии Сипоҳи посдорон, вориди ин феҳрист шудаанд.

Оқои Мнучин ҳамчунин гуфт, панҷ фармондеҳи Сипоҳи посдорон ҳам аз минтақаҳои мухталифи баҳрии ин нерӯ дар феҳристи таҳримҳои қарор гирифтаанд. Ин панҷ фармондеҳ иборатанд аз Аббос Ғуломшоҳӣ, фармондеҳи минтақаи аввали баҳрӣ, Рамазон Зероҳӣ, фармондеҳи минтақаи дувуми баҳрии Сипоҳ, Ядуллоҳ Бодин, фармондеҳи минтақаи савуми баҳрии Сипоҳ, Мансур Равонкор, фармондеҳи минтақаи чоруми баҳрии Сипоҳ ва Алии Азмоӣ, фармондеҳи минтақи панҷуми баҳрии Сипоҳ.

Вазири молияи Амрико мегӯяд, ки таҳримҳои рӯзи душанбе фақат вокуниш ба сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ нест, балки вокунише ба амалкарҳои қаблии Эрон низ ҳаст.

Вокуниши Эрон


Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳримҳои нави Амрико алайҳи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст, "таҳримҳои беҳосили раҳбари Эрон ва низ фармондеҳи дипломатияи кишвар”, ба маънои "баста шудани ҳамешагии роҳи дипломатия” бо Вашингтон аст.

Вокуниши Аббос Мусавӣ ба таҳримҳо дар сафҳаи “Твиттер”-и ӯ нашр шудааст. Ӯ дар идома ҳукумати Доналд Трампро муттаҳам кардааст, ки "дар ҳоли нобудии ҳама муқаррароти байналмилалӣ барои ҳифзи сулҳ ва амняти ҷаҳонӣ аст".

Дар вокуниши дигар, Аббосалӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои нигаҳбони Эрон низ дар “Твиттер”-и худ навиштааст, ки таҳримҳо "нақзи ошкори ҳокимияти Эрон ва мухолифи усул ва қоидаҳои шинохташудаи байналмилалӣ аст".

Таниши рӯ ба афзоиш дар Халиҷи Форс

Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон рӯзи якшанбеи 16-уми июн эълом кард, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоиро "дар қаламрави ҳавоии Эрон" сарнагун кардааст. Амрико дар муқобил мегӯяд, ки ин ҳавопаймо дар обҳои байналмилалӣ парвоз мекард ва Эрон бидуни сабаб онро сарнагун кардааст.

Аз он рӯз ду тараф вориди ҷанги лафзии сахте дар ин бора шудаанд ва харитаҳое дар мавриди ин, ки ҳавопаймои амрикоӣ дар кадом нуқта будааст, нашр карданд. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи шанбеи 22-юми июн эълом кард, ки қарор буд артиши ин кишвар ҳамлаҳои маҳдуде алайҳи пойгоҳҳои низомии Амрико анҷом диҳад, вале бинобар эҳтимоли кушта шудани "150 нафар" дар тарафи эронӣ, ин ҳамларо мутаваққиф кардааст.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки гузинаи низомӣ ҳамчунин дар дастури кор аст, вале ҳоло фишорҳои худро бо ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, идома медиҳанд.

Амрико дар як соли гузашта ва пас аз хуруҷ аз созиши шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон, чанд дафъа алайҳи Эрон таҳримҳо ҷорӣ кард, ки бахшҳои энержӣ, нафтӣ, бонкӣ, саноати мошинсозӣ ва маъданро ҳадаф қарор додааст. Иқтисоди Эрон дар ин муддат ба мушкил рӯбарӯ шуда ва қимати молу коло боло рафтааст.
https://www.ozodi.org/a/30018486.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий