Душанбе: Аз боми хонаи 12-ошёна худро ба замин партофтани наврас
Дар маркази Душанбе субҳи имрӯз ҷасади навраси 15-сола дарёфт шуд: тибқи маълумоти пешакӣ, ӯ аз боми хонаи 12-ошёна воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш, каме дуртар аз фурудгоҳи пойтахт худро ба замин партофтааст.
Дар бораи ин ҳодиса фоҷеабор аввалин шуда журналисти тоҷик Шаҳноз Комилзода хабар дод. Дар саҳифааш дар Фейсбук ӯ аз ҷойи ҳодиса сурат нашр кард. Ӯ навишт, ки ҷасади наврас субҳи рӯзи 25 июн дарёфт шудааст.
Сабабҳои ба ин амали фоҷеабор даст задани наврас алҳол маълум нестанд. Ҳамчунин то ҳанӯз маълум нест, ки ин амали худкушист ё чизи дигар.
То ин дам дар сомонаҳои ВКД Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар бораи ин ҳодиса ҳеҷ маълумот нашр накардаанд.
Шаҳноз Комилзода, ки каме дуртар аз манзили наврас Фурқат Алимов зиндагӣ мекунад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки наврас дар оилаи камбизоат ба воя мерасид, ки ба ҷуз худи ӯ дар оилаашон бо 5 панҷ нафар фарзандон ҳастанд. Фурқат имсол синфи 8-уми мактаби №16-ро хатм кардааст.
Айни замон ҷасади наврас дар мурдахона (морг) нигаҳдорӣ шуда, мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур ба тафтиши ҳодиса шурӯъ кардааст.
Мо ин ҳодисаро пайгирӣ мекунем.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/incidents/20190625/dushanbe-az-bomi-honai-12-oshyona-hudro-ba-zamin-partoftani-navras

Комментарии (0)