Баъди шикаст бо ҳисоби 0 - 4: Узбакистон бозии дуюм бо Тоҷикистонро бурид
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бозии дуюми рафиқонаро бо ҳамтоёни Узбакистон бохтанд
Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бозии ҷавобии рафиқона миёни тимҳои мунтахаби наврасони Тоҷикистон ва Узбакистон – “U-16” бо ҳисоби 1:2 ба фоидаи меҳмонон анҷом ёфт.
“Бозӣ дар Варзишгоҳи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд доир гашт. Ҳисобро дар дақиқаи 21-ум футболбози навраси тоҷик Хуршед Давлатзода кушод. Аммо 7 дақиқа то танаффус меҳмонон тавассути голи задаи Шаҳзод Акрамов ҳисобро баробар карданд”, - иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпӣ.
Манбаъ афзуд, голи ғолибиятро дар дақиқаи 63-юм Муҳриддин Позлиддинов аз зарбаи ҷаримавӣ зад.
Бохт дар бозии рафиқона дар ҳолест, ки ду рӯзи қабл, дар бозии аввали рафиқона дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар ҳамсолонашон аз Узбакистон бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда буд.
Бозиҳои рафиқонаи баргузоршуда барои тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 маҳсуб меёфт, ки 14-22 сентябр дар Урдун баргузор мешавад. Дар давраи интихобии Чемпионати Осиё-2020 шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар гурӯҳи “А” бо тимҳои наврасони Урдун, Шри-Ланка, Кувайт ва Непал бозӣ мекунанд.
Read more: https://sputnik-tj.com/sport/20190624/1029235324/Badi-shikast-bo-hisobi-0-4-Uzbakiston-bozii-duyum-bo-Tojikistonro-burid.html
Комментарии (0)