Захмӣ шудани даҳҳо тан дар Қазоқистон аз таркиш дар як анбори муҳимоти ҷангӣ. ВИДЕО

Захмӣ шудани даҳҳо тан дар Қазоқистон аз таркиш дар як анбори муҳимоти ҷангӣ. ВИДЕО
Мақомот дар Қазоқистон мегӯянд, ки бар асари таркиш дар анбори муҳимоти ҷангӣ дар шаҳри Ариси вилояти Туркистони ин кишвар, даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.

Тимур Дандибаев, муовини вазири дифои Қазоқистони дар шаҳри Нур-Султон ба хабарнигорон гуфт, ки сабабҳои сар задани таркиши рӯзи 24-уми июн то ба ҳол маълум нест. Дандибаев афзуд, ки оташнишонҳо талош дорад алангаҳои оташро, ки бар асари таркиш ба миён омадааст, хомӯш кунанд.

Мақомот ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳудуди 20 нафар, аз ҷумла, 4 кӯдак ба бемористони минтақавӣ дар Чимкент интиқол дода шуданд. "Се нафар аз захмиён дар ҳолати вахим қарор доранд",-гуфт мудири бемористон. Як мақоми маҳаллӣ дар ҳукумати ноҳияи Отурар гуфт, ки дар бемористони ин ноҳия 34 нафар бистарӣ шудаанд.

Раҳбари минтақа Омирзақ Шокеев дар шаҳр ҳолати фавқулодда эълон намуда ва дастур додааст, ки ҳама бошандагони минтақаҳои наздики маҳалли таркиш ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шаванд.

Расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки сокинони наздики маҳали таркиш аллакай аз маҳал берун карда шуданд ва даҳҳо тан аз кормандони идораи оташнишонӣ дар маҳал ҳузур доранд ва талош доранд, ки оташро хомӯш кунанд.

Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ Нурсултон Нурахмет ба хабарнигорон гуфт, ки таркиш соати 9:20 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дод. Аммо ӯ ироаи тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Сокинони маҳаллӣ ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чанд таркиши сахт аз маркази шаҳр шунида шудааст. Бархе ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо аз ин таркишро ба нашр расонидаанд.
https://www.ozodi.org/a/30016927.html 

Комментарии (0)

Оставить комментарий