Заҳролудшавии 50 нафар муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав

Заҳролудшавии 50 нафар муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Маскав
Дар корхонаи истеҳсоли дару тиреза дар шаҳри Одинстсовои вилояти Маскав шоми рӯзи 22 июн 50 нафар муҳоҷирони тоҷик аз истеъмоли хӯрок дар ошхона заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар дод тариқи телефон ба “Азия-Плюс” Иброҳим Аҳмад, котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Русия.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон 12 нафар, аз ҷумла ду нафар муҳоҷирон дар шуъбаи эҳёгарии бемористон қарор дошта, боқимондаро пас аз кумаки аввалияи тиббӣ ба макони зисташон рухсатӣ додаанд.

“Намояндагони Вазорати меҳнат ва сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба аёдати онҳо ба бемористон рафта, қазияро зери назорат гирифтанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, муҳоҷирон аз хӯрок дар ошхонаи корхона заҳролуд шудаанд”, - иброз дошт ӯ.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва хадамоти тандурустии ин ктшвар ҳодисаи мазкурро алҳол шарҳ надодаанд.

Раҳбарияти корхонаи истеҳсоли дару тиреза аз суҳбат бо журналистон худдорӣ варзида, тибқи баъзе маълумот, намояндагони онҳо ба кормнадони мошини “ёрии таъҷилии тиббӣ” хабар додаанд, ки муҳоҷирони гӯё аз истеъмоли харбуза ба чунин ҳол гирифтор шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вале муҳоҷирони тоҷик гуфтаанд, барои харидани харбуза пули зиёдатӣ надоранд.
"Бачаҳо баъд аз хӯрдани хӯрок дар ошхонаи умумии корхона ба ин ҳол афтоданд. Сифати хӯрокҳои ошхона паст аст, вале моро маҷбур мекунанд, ки онро бихӯрем", - нақл кардааст яке аз муҳоҷирон.

Вай изҳор доштааст, ки онҳо ҳар моҳ беш аз бист ҳазор рубли русӣ маош мегиранд ва чаҳор ҳазори онро барои хӯроки якмоҳа дар ошхонаи ҷойи кор мепардозанд. Ҷойи хоби муҳоҷирон низ дар дохили корхона будааст.

"Онҳо намегузоранд, ки муҳоҷирон дар дохили ҳуҷраҳои хоб барои худ ғизо омода кунанд. Маҷбур мекунанд, ки ё бояд хӯроки ошхонаи умумиро хӯранд ё хонаи дигареро ба иҷора гирифта, дар ҷои кор хоб нараванд. Иҷора гарон аст ва барои ҳамин бачаҳо шартҳои корхонаро қабул кардаанд”, - илова намудааст ӯ.

Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/incidents/20190624/zaroludshavii-50-nafar-muoironi-toik-dar-viloyati-maskav

Комментарии (0)

Оставить комментарий