ҲАЛОКАТИ БАҲРОМ ДАР ШОҲРОҲИ ДУШАНБЕ – ЧАНОҚ
Рӯзи 16 декабр, соати тахминан 11:10 дар километри 188-уми шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон як мошини тамғаи "Мерседес – Спринтер” бо мошини боркаши тамғаи "Шакман” бархӯрд. Дар натиҷа ронандаи аз ширкати "Шаҳри зебои мо” Баҳром Юсуфови 46-сола, ки дар канори роҳ меистод, ба ҳалокат расидааст.
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон:
Садамаи нохуши нақлиётӣ дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ”
Рӯзи 16-уми декабри соли 2018, тахминан соати 11:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс”, Ёқубҷонов Раҳим Ёқубҷонович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” дар ҳудуди деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Юсуфов Баҳром Холмардонович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Варзоб, ронандаи ҶДММ "Шаҳри зебои мо”-ро, ки дар канори роҳ, дар паси автомашинаи тамғаи "Шакман” меистод, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди мазкур Юсуфов Б.Х. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Филиал "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" в РТ:
Имрӯз дар километри 188- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ дар натиҷаи бо ҳам бархурдани ду автомобили маъмул чун Дулан ва воситаи нақлиёти тамғаи Мерседес - спринтер як нафар ба ҳалокат расид. Кормандони филиали Ширкат филфавр ба макони садама расида, ба зарардидагон кумак расониданд.
Лозим ба ёдоварист роҳи минтақаи мазкур дар ҳолати хуб қарор дошта, сохторҳои зиддахл ба омӯзиши сабабҳои садама шурӯъ карданд.
Аз рух додани садама андӯҳгин буда, ба пайвандони шахси фавтида арзи тасаллият менамоем.

Комментарии (0)