Таниш дар Халиҷи Форс. Номаи Эрон ба СММ ва нишасти Трамп бо сарони Конгресс
Эрон ба Созмони Милали Муттаҳид дар пайванд ба сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз нома зада ва гуфтааст, ки аз "худ дифоъ" хоҳад кард, аммо "дунболи ҷанг" нест.
Дар Кохи Сафед ҳам шуморе аз намояндагони баландпояи Конгресс дар робита ба ҳодисаи сарнагунии ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар минтақаи Халиҷи Форс ҷамъ омада ва қазияро бо Доналд Трамп баррасӣ кардаанд.
Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон субҳи панҷшанбеи 20-уми июн хабар дод, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишинии амрикоиро пас аз "ворид шудани ба қаламрави ҳавоии Эрон", сарнагун карда кардааст. Аммо мақомҳои амрикоӣ таъкид мекунанд, ки ин ҳавопаймо бар фарози обҳои байналмилалӣ ҳадаф қарор гирифтааст.
"Ҳавопаймо ба ҳушдорҳо аҳамият надод"
Намояндаи доимии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид Маҷид Тахтравончӣ рӯзи панҷшанбеи 20-уми июн дар номае ба дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои Амнияти СММ дар бораи сарнагун кардани ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз навиштааст.
"Олимақом, пайравии дастуре, ки аз ҳукумати кишварам дарёфт кардам, ин нома тақдим мешавад, то аз як иқдоми ғайриқонунӣ ва хатарноки дигаре, ки артиши Амрико алайҳи тамомияти арзии Эрон анҷом дода, хабардор кунам". Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки "Эрон дар пайи ҷанг нест", вале "тасмимаш қатъӣ аст аз марзҳои ҳавоӣ, обӣ ва хокии хеш дифоъ кунад".
Маҷид Тахтравончӣ, сафир ва намояндаи доимии Эрон дар СММ ҳамчунин дар бораи муҳтавои ин номаи ба расонаҳои расмии Эрон гуфтааст, пас аз ҳушдорҳои радиоӣ ба ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ, ки аҳамияте надод, ба ин натиҷа расиданд, ки он вориди фазои Эрон шудааст. Ба гуфтаи сафири Эрон дар СММ, "пас аз ҳушдор ва бар асоси моддаи 51-и эъломияи Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳаққи дифои машруъи кишварҳо аз худро баён кардааст, мо ба сарнагун кардани ҳавопаймои бидуни сарнишин иқдом кардем".
Ин дар ҳоле аст, ки вазорати дифои Амрико мегӯяд, ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ, ки бо як мушаки "замин ба ҳаво"-и Эрон сарнагун шуд, дар 34-километрии дур аз соҳили ин кишвар ва дар ниҳоят баландӣ дар ҳоли парвоз буд. Бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, 22 километри дарё, марзи соҳилии кишварҳо ба шумор меравад. Пентагон таъкид кардааст, Эрон ҳавопаймои амрикоиро барои он сарнагун кард, ки дар фаъолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои назорати Халиҷи Форс халал ворид кунад.
Вазорати дифои Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки ҳамла гоме хатарнок ва ғайримасъулона аз сӯи Эрон буд, ки дар ҳамсоягии масири ҳавоии таъйиншуда миёни Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳри Умон рух дод ва метавонад зиндагии ғайринизомиёни бегуноҳро ба хатар андозад.
Нишасти Трамп бо сарони Конгресс дар Кохи Сафед
Дар ҳамин ҳол нишасте дар Кохи Сафед бо иштироки намояндагони баландпояи Конгресс ба муддати 90 дақиқа баргузор шудааст. Дар ин ҷаласа раҳбарони демократ ва ҷумҳурихоҳи Сенат ва Маҷлиси Намояндагон ҳузур доштаанд. Тибқи гузоришҳо дар ин нишаст шуморе аз мақомҳои баландпояи низомӣ ва истихборотӣ низ ширкат кардаанд.
Ҳанӯз ҷузъиёт ба таври расмӣ аз ин нишаст мунташир нашудааст. Аммо чанд тан аз иштироккунандагон дар ин нишаст дидгоҳҳои худро дар бораи он матраҳ кардаанд. Яке аз ҳозирон дар ин нишаст ба СБС гуфтааст, Доналд Трамп бо ҳама намояндагон сӯҳбат кард ва назари ҳар яке аз онҳоро дар ин бора пурсид.
Як сенатори ҷумҳурихоҳ пас аз ин нишаст ба хабарнигорон гуфт, ки мушак аз хоки Эрон партоб шуда ва ин ҳавопайморо дар обҳои байналмилалӣ сарнагун кард. "Фикр мекунам, ки ҳукумат дар ҳоли арзёбии "посухи ҳисобшуда" ба ин иқдом аст.
Аммо пас аз ин нишаст Ненси Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико хостори коҳиши таниш бо Эрон шуд. Вай дар баёнияе гуфт, "зарурӣ аст, ки мо дар ин бора бо муттаҳидонамон ба таври комил таъомул дошта бошем. Дар фикри ин масъала бошем, ки бо кишваре душман рӯбарӯ ҳастем, ки масъулона амал намекунад, бояд бо тамоми тавон барои коҳиши танишҳо талош кунем".
Раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфтааст, "ин як мавқеияти хатарнок аст. Дар вазъияте, ки таниш боло гирифтааст, бояд қавӣ, ҳушманд ва стратегӣ амал кард, на бо шеваи бепарво".
Бино бар хабари The New York Times, президенти ИМА Доналд Трамп дастури зарба ба Эронро дод, аммо шаби 20-уми июн ин фармони худро бекор кард. Рӯзнома менависад, Трамп даструи зарба ба Эронро дар ҳоле дод, ки хабари суқути як ҳавопаймо бесарнишини амрикоиро дар Халиҷи Форс баррасӣ менамуд.
Чанд соат пас аз нашри хабари суқути ҳавопаймо, президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, Эрон "иштибоҳи хеле бузурге" кард, ки дрони ҳарбии Амрикоро суқут дод.
Зариф: "Пораҳои ҳавопайморо пайдо кардем"
Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки нерӯҳои низомии Ҷумҳурии исломӣ "бахшҳое аз ҳавопаймои бидуни сарнишин"-и сарнагуншудаи амрикоиро аз "обҳои сарзаминӣ"-и Эрон пайдо кардаанд. Ӯ гуфтааст, ҳавопаймо дар "обҳои сарзаминӣ"-и Эрон сарнагун шудааст. Ба навиштаи Зариф, "ин ҳавопаймо дар наздикии Куҳмуборак ҳадаф қарор гирифтааст".
Кӯҳмуборак яке аз шаҳрҳои вилояти Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон ва шарқи вилояти Ҳурмузгон аст. Вазири умури хориҷии Эрон аксҳое аз масири ҳаракати ҳавопайморо нашр карда ва бар асоси ин нақша гуфтааст, ки ин дрон ё ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ вориди ҳарими Эрон шудааст.
Иддаои Зариф дар ҳоле матраҳ мешавад, ки фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Ситоди фармондеҳии муштараки Амрико рӯзи панҷшанбе дар як конфронси телефонӣ бо хабарнигорон дар Пентагон гуфт, ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ, ки дишаб бо як мушаки "замин ба ҳаво"-и Эрон сарнагун шуд, дар 34-километрии дур аз соҳили ин кишвар ва дар ниҳоят баландӣ дар ҳоли парвоз буд.
Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми амрикоӣ гузориш додааст, ки нерӯҳои баҳрии ин кишвар барои ҷамъоварии боқимондаҳои ҳавопаймои сарнагуншуда дар обҳои байналмилалӣ ба гулӯгоҳи Ҳурмуз фиристода шудаанд.
Давоми чанд ҳафтаи ахир ва дар пайи ҳамла ба киштиҳои нафкаш дар Халиҷи Форс, танишҳо байни Эрон ва Амрико боло гирифтааст. Амрико мегӯяд, ки бар пояи далелҳо, Сипоҳи посдорони Эрон дар ин ҳамлаҳо даст доштааст. Эрон ин ҳамлаҳоро радд мекунад.
https://www.ozodi.org/a/30011811.html

Комментарии (0)