ДУХТАРИ ШАШСОЛАРО ДАР ЧОРЯККОРОН БА СИМТӮР БАСТА, ОТАШ ЗАДААНД
Бино ба гузориши сомонаи "Фараж”, ин ҳодиса рӯзи 19 июн, тақрибан соати 10 дар назди хонаи истиқоматии хонаводаи Зулфоновҳо дар ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рӯй додааст.
Шерзод Зулфонов, падари Осияи Шерзоди шашсола ба "Фараж” гуфт, се хонандаи мактаби рақами 67 духтари шашсолааш Осияро, ки ҳамроҳи дугонаҳояш дар назди хонаашон бозӣ мекард, ба симтӯр баста, оташ задаанд.
Осияро дар ҳолати вазнин дар бемористони рақами сеи шаҳри Душанбе, маъруф ба "Ожоговый центр” бистарӣ кардаанд. Табибон ба наздикони Осия гуфтаанд, ки 65 дарсади бадани духтараки маъсум сӯхтааст.
Сабаби чунин рафтори ваҳшиёнаи он се наврас нисбат ба кӯдаки хурдсол маълум нест. Шерзод Зулфонов гуфт, ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд.
Ҳоло ШВКД-2-и ноҳияи Рӯдакӣ ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул будааст.
Мақомот то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд.
Комментарии (0)