Ҳадафи тир қарор гирифтани донишҷӯи тоҷик дар хобгоҳи Маскав

Ҳадафи тир қарор гирифтани донишҷӯи тоҷик дар хобгоҳи Маскав
Дар Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия рӯзи 17 декабр як гурӯҳи донишҷӯён боздошт шуданд, ки ба дарафтодану муноқиша бо донишҷӯ аз Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд. Онҳо ингушҳо будаанд. Сабаби ҳамла зикр намешавад.



“Донишҷӯён аз Ингушистон ба донишҷӯи тоҷик ба муноқиша пардохта, ӯро лату кӯб ва аз таппончаи ҷароҳатбор (травматический) ба сӯи ӯ тир холӣ кардаанд. Ӯ ба мақомоти пулис ариза навишт”, - гуфтааст ба lenta.ru муовини роҳбари донишгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ Юрий Панов.
Дар бораи худ донишҷӯ аз Тоҷикистон ВАО чизе хабар намедиҳанд: на дар бораи вазъи солимӣ ва на доир ба сабабҳои дарафтодани ҳамсабақон ба ӯ.

Гуфта мешавад, кормандони пулис ва Росгвардия рӯзи 17 декабр ба хобгоҳи донишгоҳ омада, ба қавли шоҳидон, дари ҳуҷраҳоро шикаста, соҳибманзилонро бо либоси таг ба долон баровардаанд. Онҳоро рӯи фарш хобонда, чандеро бо чӯбдаст лату кӯб кардаанд. Дар донишгоҳ инро “тадбирҳои пешгирии қонуншиканӣ” номидаанд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти намояндагии доимии Ингушистон дар шаҳри Маскав, зимни санҷишу кофтуков наздики 40 нафар донишҷӯён аз ин ҷумҳурӣ ва ҳамчунин донишҷӯён аз дигар минтақаҳои Қафқози Шимолӣ боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, шоми рӯзи 17 декабр ҳамаи боздоштшудагонро ҷавоб додаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст доштани ингушҳоро ба муноқишаву лату кӯб мавриди санҷиш қарор дода, раҳбарияти донишгоҳ онҳоро хориҷ карданӣ нест.

Read more: https://www.news.tj/tj/news/tajikistan/incidents/20181218/adafi-tir-aror-giriftani-donishi-toik-dar-hobgoi-maskav

Комментарии (0)

Оставить комментарий