АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ: дар вилояти Суғд 48 иншооти соҳаи маориф ба истифода дода шуданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 се нишондиҳандаи рушди инсонӣ — дастрасӣ ба таҳсилот, тандурустиву дарозумрӣ ва сатҳи шоистаи зиндагиро таҳлил намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Соли 2017 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 миллион сомонӣ сарф гардида, 24 ҳазор ҷойи нишаст муҳайё карда шуд. Соли 2018 ин раванд идома ёфта, маблағҳои буҷетии давлатӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ин самт равона карда мешаванд».
Дар партави ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар соҳаи маорифи вилояти Суғд корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Тавре сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, аз Паём то Паём дар вилоят 48 иншооти соҳаи маориф бо 7 ҳазору 300 ҷойи нишаст ба истифода дода шуданд.
«Тибқи нақша, соли равон бояд муассисаҳои таълимии вилоят дар маҷмӯъ бо 94 кабинети таълимӣ таъмин гарданд. Давоми сол 91 кабинети таълимӣ ташкил шуданд. Шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Спитамен, Хуҷанд, Панҷакент нақшаи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020»-ро иҷро намуданд»,-гуфт номбурда.
Ба гуфтаи Осим Каримзода, соли сеюм аст, ки маорифчиёни вилоят дар озмунҳои касбии ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии соли Тоҷикистон» ғолибият ба даст меоранд. Инчунин аз Паём то Паём аҳли маорифи вилоят дар олимпиадаву озмунҳои фаннӣ иштирок карда, ба як зумра дастовардҳо соҳиб шуданд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии фаннӣ 327 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ширкат варзида, аз онҳо 139 нафар ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ ноил гардиданд.
Дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва фосилавӣ 214 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ саз
овор гаштанд. Аз ин теъдод 11 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ва 161 нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ мебошанд. Дар радифи ғолибони олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ ғолибият ва медали биринҷиро хатмкардаи муассисаи таълимии №3-и ноҳияи Спитамен Аҳрор Исмоилӣ соҳиб гардид. Бори аввал дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 6 нафар хатмкардагони як муассисаи таълимӣ — литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд сазовори шаҳодатномаи аълои равиявии медалҳои тилло ва нуқра гардидаанд.
Аҳли маорифи вилояти Суғд ҷиҳати таъмини иҷрои нуктаҳои Паёми Пешвои миллат корҳои назаррас анҷом дода, Паёми навбатиро бо рӯҳбаландии бузург истиқбол мегиранд.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар» : KHOVAR.TJ

Комментарии (0)