ХИЁНАТКОР – ҲОМИИ ҶИНОЯТКОР. Ва ё андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд дар мавриди фитнаангезиҳои ТЭТ ҲНИ
Ходимони дини вилояти Суғдгирдиҳамоиҳои бемаънӣ ва бемантиқи ТЭТ ҲНИ -ро дар хориҷи мамлакат маҳкум намуда, ин фитнаангезиҳоро иғвои навбатии хиёнаткорон мешуморанд. Дар зер андешаҳои Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ки ба АМИТ «Ховар» расидааст, манзури хонандагон гардонида мешавад:
«Чанд рӯз қабл аз шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар шудам, ки якчанд нафар хоинони ватан ба назди Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Берлин қадами номуборакашонро монда, гирдиҳамойӣ кардаанд. Ҳамон замон симои номубораки наҳзатиёни солҳои 1992-1993 пеши назарам омад, ки ин ватанфурӯшон боз чӣ мехоҳанд? Як бор гирдиҳамоиҳо ташкил карда, мардумро гумроҳ карданд, бо дастгирии хоҷагонашон аз номи дин суиистифода карда, фитна андохта, хуни мардумро рехтанд. Ин ҳама кам буд магар, ки имрӯз дар Аврупо шарм надошта, барои маблағҳои ҳароми гирифтаашонро ҳалол кардан ва дар назди хоҷагонашон ҳисобот додан дар хаққи Тоҷикистон носазо мегӯянд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон хуб медонад, ки гирдиҳамойӣ ва носазогӯии онҳо муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистон ҳоло тинҷу ором ва мардумаш сарҷамъ буда, таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз то рӯз ободтар мешавад.
Мардуми Тоҷикистон имрӯз боз як бори дигар фаҳмид, ки ТЭТ ҲНИ худаш ҷинояткор буда, имрӯз ҷинояткоронеро, ки бо ҷурмҳои мухталиф маҳбасӣ мебошанд, дастгирӣ мекунад. Ин ҳизб бо ин кирдори худ зидди таълимоти ислом амал мекунад.
Ман имрӯз аз кори баъзе созмонҳои аврупоӣ дар ҳайрат ҳастам. Аз ин рӯ аз роҳбарони Иттиҳоди Аврупо, ки зидди ифротгароӣ мебошаду баъзе ташкилотҳояш дидаву дониста, ташкилотҳои террористӣ, ба мисли ТЭТ ҲНИ -ро дастгирӣ мекунанд, пурсиданиям: Дар назди чашми шумо, дар ватани шумо гирдиҳамойӣ ташкил карда, ин хиёнаткороне, ки имрӯз ҳомии ҷинояткорон шудаанд, дар ҳаққи Тоҷикистоне, ки бо шумо дӯст аст, имрӯз обод ва мардумаш осудаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд, чаро шумо чизе намегӯед? Барои ҳамин ҳам аз Иттиҳоди Аврупо талаб менамоем, ки ин ҷинояткоронро ба ватанашон (агарчи онҳо бе ватан ва хоинони миллат ҳастанд) истирдод намоянд, то ба хиёнатҳои худ дар назди халқу миллат ҷавоб диҳанд ва сафоратхонаҳои оромро ноором накунанд».

Комментарии (0)