Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Бонки марказии Русия гузоришеро интишор намудааст, ки тибқи он интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст
Дар семоҳаи аввали соли равон муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон 111,8 миллион доллар фиристоданд, гуфта шудааст дар гузориши Бонки марказии Русия.
Маблағи минаи ҳар як интиқоли пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон 195 доларро ташкил медодааст.
Дар ҳамин ҳол дар семоҳаи аввали соли 2018 интиқолҳои маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон 528 миллион долларро ташкил дода буд.
Таъкид шудааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон шахсони воқеъӣ аз Русия ба кишварҳои ҳамсуд наздик ба 1,2 миллиард доллар интиқол додаанд. Дар гузориш гуфта шудааст, ки дар ҳамин давраи соли 2018 шахсони воқеъӣ ба кишварҳои ҳамсуд ба андозаи 2,8 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд.
Тақрибан 90 дарсади интиқолҳои пулӣ аз Русия ба Тоҷикистон бо рубли русӣ сурат мегирад.
Комментарии (0)