Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд
17 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору вохӯриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё маънидод карданд.
Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми «Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ» зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои ҳамкорӣ Бонки Рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона карда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо муҳокима гардид.
Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасохтори роҳ, аз ҷумла роҳи оҳан, амнияти озуқаворӣ, зарур шумурда шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалияноку стратегии Тоҷикистон, аз қабили расидан ба иқтиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Комментарии (0)