Фарқияти себаробарӣ миёни омори Тоҷикистону Чин: 1,4 миллиард доллар куҷо шуд?
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷамъбасти мулоқоташ бо ҳамтои чинӣ Си Ҷинпин ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро дар соли 2018 ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ гуфт
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни нишасти матбуотӣ баъди мулоқот бо Ҷинпин гуфт, “мубодилаи мол миёни кишварҳои мо соли гузашта тақрибан 2 миллиард долларро ташкил кард”.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти гумрук ва омори Тоҷикистон ҳаҷми додугирифти мол бо Чин дар соли 2018-ро ҳудуди 651 миллион доллари амрикоӣ гуфтанд.
Омори ироакардаи мақомоти гумруки Тоҷикистон дар қиёс бо маълумоти Чин, ки Эмомалӣ Раҳмон дар пайи мулоқот бо ҳамтои чинияш онро ироа кард, ҳудуди се баробар кам мебошад.
Чунин фарқият дар омор ва “гумшавӣ”-и миллиардҳо доллар дар миён тақрибан ҳамасола ҷой дошта, Эмомалӣ Раҳмон ахиран яке аз сабабҳои онро баён дошт.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони гумрук, андоз ва бонкҳо, низоми фасодкорие, ки дар бахши қочоқи мол роиҷ шудааст, “нанотехнологияи тоҷикӣ” унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ муосиртарин технологияҳоро “мехӯрад”.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон асосан ду роҳи қочоқи мол дар ҳаҷми зиёд дар кишвар роиҷ аст.
“Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад. Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад. Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд”, - нақл кард Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин қочоқкориҳо бо мусоидати кормандони воломақоми гумрук сурат мегирад.
Комментарии (0)