Зодрӯзи Си Ҷинпин дар Душанбе: Путин яхмоси русӣ ҳадя кард

Зодрӯзи Си Ҷинпин дар Душанбе: Путин яхмоси русӣ ҳадя кард
Путин махсус ба назди роҳбари Чин рафт, то ӯро ба муносибати 66-солагиаш шодбош гӯяд

Президенти Русия Владимир Путин имрӯз дар Душанбе  то оғози расмии нишасти бузург роҳбари ҷумҳурии мардумии Чин Си Ҷинпинро бо зодрӯзаш шодбош гуфт ва ба ӯ яхмоси истеҳсоли Русия тӯҳфа кард, ки ба роҳбари Чин хело писанд омадааст.

Котиби матбуоти Русия Дмитрий Песков хабар дод, ки Путин махсус ба қароргоҳи Ҷинпин рафта, ҳамтояшро бо 66-солагиаш муборакбод гуфтааст.

"Президенти Русия нақши Си Ҷинпинро дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо махсус қайд карда, сафири ахири роҳбари Чинро ба Русия муваффақ унвон кард", - мегӯяд Песков.

Дар навбати худ Си Ҷинпин ба ҳамтои русаш изҳори миннатдорӣ карда, гуфтааст, ки Путин дар Чин хеле машҳур аст.

ба гуфтаи Песков, Путин ба Ҷинпин яхмоси русӣ ҳадя кардааст, ки хело ба роҳбари Чин писанд омадааст.

Тавре котиби матбуоти Кремл афзуд, Путин изҳори боварӣ намудааст, ки муносибатҳои хуби ду кишвар дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
Пештар Си Ҷинпин дар Русия беҳтарин дӯсти худ унвон карда буд.

Ёдрас мешавем, субҳи имрӯз дар Душанбе нишасти бузурги МҲТБО ба кори худ шурӯъ кард.

Си Ҷинпин 15 июни соли 1953 дар Пекин таваллуд шуда, аз соли 2012 роҳбарии Чинро бар ӯҳда дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий