МОҲИИ ТИЛЛО»-И МУҲИДДИН КАБИРӢ АЗ ДАСТ МЕРАВАД
Чанд моҳи охири соли равон атрофи ҲНИТ ва пешвои он Муҳиддин Кабирӣ дар ВАО –и кишвар ва ҳато хориҷӣ сару садоҳои зиёде расонаӣ шудаанд. Аслан пас аз интихоботи зимистонии Парлумони кишвар, аз ду курсии тайи се панҷсолаи охир «сабти ном» кардаи худ ноком шудани ҳизби мазкур, раиси он Муҳиддин Кабирӣ тарки кишвар кард. Дар аввал баҳонаи вохӯрӣ бо муҳоҷирони тоҷик, сониян корҳои ҳизбӣ ва моҳи охир бошад баҳонаи нав, яъне тарси кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбаташ имкони ба Тоҷикистон баргаштанро намедодааст.Охир «чӣ дороӣ»-е дорад, ки мавриди тафтиш бояд қарор гирифтааст. Аҷабо, магар наход «Кабирии фариштахӯ» ҳам ғарқи гуноҳ бошад. Тарси Кабирӣ аз бозгашт дар чист? Ин суолҳоест, ки шунаванда ва ё хонандаи ВАО дар ҳол худ ба худ додаву интизори посухаш мебошад. Ва ё моҳии тиллои қиссаи «Моҳигир ва моҳии тилло»-ро Муҳиддин Кабирӣ бадаст овардаву тарси аз даст додани он фирорияш сохтааст.
Воқеан ҳам падари Кабирӣ, мулло Тилло дар деҳаи Қасамдара истиқомат намудаву як умр дар бригадаи саҳрочигии хоҷагии «Октябр» (имрӯза «Меҳробод») бо обилаи кафи даст ризқи аҳли байташро пайдо мекард.Зиндагии осудаҳолонае дошт. Нуфузи оилавии онҳо низ чандон зиёд набуд. Аз ин хотир баъди хатми мактаб Муҳиддин ба техникуми омории шаҳри Орҷоникидзеобод (Ваҳдати имрӯза) дохилубаъди хатми он чанд муддат ба сифати ҳисобчии фермаи овозадори деҳаи Шерамон ҳам кор мекард. Охири солҳои донишҷӯии ӯ дар факултаи забонҳои шарқи УДТ ба аввали солҳои навадуми асри гузашта рост омад.
Бо оғози ҷангҳои дохилӣ Муҳиддин ҳам фирор кард аз Тоҷикистон.
Бозгашти Муҳиддин ба Тоҷикистон, соли 1977 бо имзои Созишномаи сулҳ ва Истиқрои миллӣ дар нигоҳу сирати нав оғоз гирифт. Акнун кару фарру рафтори ин ҷавони деҳотӣ саропо дигар шуда буд. Маълум буд, ки Муҳиддин ба шасти хоҷагони хориҷии худ ҳамчун «моҳии тилло»-и гапдаро афтода буду барояш «моҳии тилло» ваъда карданд. Ҷанги шаҳрвандӣ агар бисёриҳоро руҳафтодаву ноком карда бошад, пас қомати оилаи онҳоро рост кард.
Ҳамаҷо дар боби ватану ватандӯстӣ ҳарф мезад, аммо ҳирси нафсаш боло гирифтаву фикри молу мулк ва сарвату боигарӣ дар вуҷудаш туғён дошт. Рӯи саҳнаи зиндагӣ худро як фидоии ватану халқи азизаш нишон медод вале паси саҳнаи зиндагӣ менишаст рӯи зини аспи нафс, ҳарчи бештар мехост ба ҷамъи сарвату дороӣ машғул бошад. Бародаронаш ҳам қомат рост карданд дар атрофаш. Чун тутии сухангӯ такрор мекарданд, гуфтаҳои Муҳиддинро ва нишон медоданд аз худ «сарсупурдагони ислом»-ро.
Дар фурсати кутоҳ хонадони мулло Тилло ҳам дар деҳаву гирду атрофи он ба қавле «соҳибэҳтиром» шуданд.
Соли 2000- ум ҳамчун номзад ворид шуд ба саҳнаи сиёсӣ. Аз ҳавзаи интихоботии Файзобод дар интихоботи парлумони кишвар номзад шуд. Кушиш мекард дар вохӯриҳо худро «фидоии миллат», «ҳомии мардуми оддӣ» ва «мушкилкушо»-и гиреҳҳои рӯзгори онҳо нишон диҳад. Нағз медонист, ки ҷанги дохилӣ дар бисёр самтҳои зиндагӣ чӣ мушкилотҳое давлати ҷавону соҳибистиқлоли моро пеш овардааст. Ҳарф мезад аз ҳалли онҳо. Хуб медонист, ки дар сариштаи ин ҳама мушкилотҳо оҷиз аст, вале аз руҳияи зудбоварии ҳамдиёрон, ки ба хубӣ огоҳӣ дошт домани эшонро бо ваъдаҳои ҳавоӣ пур мекард. Худро ҷаҳонгашта вонамудаву дунёдида мегирифт. Бо сухан дар Файзободи пурбоди ватанаш сохтмони нерӯгоҳҳои бодиро ба роҳ мемонду ваъдаи раҳоии ҳамдиёронро аз мушкилоти бебарқӣ мекард. Оби нушокӣ меоварду мактабу бунгоҳи тиббӣ месохту барои ятимон парваришгоҳ таъсис медод. Ваъдаҳо мекард, ки дар сурати ҳатто депутат нашудан ҳам хизмати «мардуми азизаш»-ро хоҳад кард ва даст пеши сина мегирифт. Ончунон бо маҳорат сухан пардоз медод, ки ҳатто касе ёрои пурсидан намекард, ки ҳалли он ҳама ваъдаҳоро аз кадом сарчашмаҳо анҷом хоҳад дод. Интихобкунандагонаш гумон доштанд, ки ҳама сарватмандони амрикоиву бритонӣ ва арабу эронӣ ёрони ҷонии ӯянду «ғамшарики мардумаш».
«Аҷаб бачаи босавод будай, ҳамшаҳримон-да», «иншоолоҳ депутатшава файзобода гулистон мекуна», «дар хориҷа хондай ёру рафиқаш бисёрай ҳар кора мекуна»-аз қабили ҷумлаҳое буданд,ки ашхоси зудбовар дар ситоиши ин ҷавони он айём 35 сола мегуфтанд. Охир чи тавре дар мардум мегӯяд: «гӯшна чӣ хоб мебина лаби нон». Мардуми он солҳо дар мушкилот саргум ба суханҳои ӯ боварӣ дошт. Аз куҷо медонистанд, ки ҳамаи гуфтаҳои онҳоро танҳо варақи сафед мебардораду баъди вохӯриҳо дар гӯшаи фаромӯшӣ ҷо мегирад. Аммо чун берун аз вохӯриҳо мегашт, чи тавре мегӯянд чун ба хилват мерафт, кори дигар мекард. Фикри бо кадом роҳ соҳибӣ кардани иншоотеро дар сар андеша калоба мекард.
Аммо мардуми сахтиҳои зиндагиро дида, сараро аз носара ҷудо карду номзади арзаандаашонро интихоб намуд. Муҳиддин бошадроҳи ҳавзаи Файзободро фаромӯш сохту ҳалли мушкилоти «мардуми азизаш» дигар ба ёдаш нарасид.
Сокинони деҳаи Қасамдараву атрофи он ба бачаҳои мулло Тилло ҳасад мебурданд ва ҳайрон аз он ки дороии онҳо аз кадом ҳисоб бошад. Шояд «Хизр» назарашон карда ва ё «моҳии тилло»-ро доштаанд, ки «дову дастгоҳ»-и зиёд насибашон шуда истодааст. Ҳама савори мошинҳои хориҷиву шаҳрнишин шуданд, ба ҷуз мулло Сафар.
Дар Файзобод ПМК-и як вақтҳо овозадори рақами 35-ро харидорӣ карданд. Хариданду техникаву дороиашро бурданд Душанбе. Заводи асфалти ПМК-аи мазкур калонтарин дар минтақа ба ҳисоб рафтаву бо сабҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз истеҳсол монда буд, соли 1998 аз нав таъмираш карда буданд. Таҷҳизотҳои онро ҳам канда бурданд ба заводи асфалти ноҳияи он замон ба номи Ленин. Ростӣ баъди ин тарбузи онҳое, ки умеди дар корхонаҳое, ки Кабирӣ харидаву ваъдаи ҷойҳои нави кориро мекард, дар замин зад. Имрӯз бо дасти «сахо»-и Кабирӣ бинои хушсохти дуошёнаи ПМК-аи мазкур ба вайронаву заводи асфалт бошад ба нестӣ расидааст.
Бинои нимсохти дар кӯчаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияи Файзобод низ баъди таъмири бесифат бо қимати гарон ба «ҳамдиёрон» фурӯхта шуд.
Иштиҳои қозгири сиёсатмадори ҷавон поён надошт.ҶДММ «Сохтмон-Ваҳдат», ҶДММ «Ремстрой», ҶДММ «Бинокор сервис», ширкатҳои тиҷоратии «Шаҳрванд», «Ситӣ»,ҶСШК « Сомониён-3», «Баракат», хоҷагии деҳқонии «Истиқлол» , бинои нотамои дар ноҳияи ба номи И. Сомонии шаҳри Душанбе ва чанди дигар ба моликияти раиси ҲНИТ табдил ёфт. Моликият афзун мешуд, аммо иҷрои ваъдаҳои давраи пеш аз интихоботӣ ҳеҷ неки ба ёди ӯ бирасад. Танҳо бо сарпарастии Кабирӣ даҳҳо нафар ҳамдиёрону хешу таборонаш дар мамлакатҳои арабӣ донишҷӯ шуданд. Ба қавле ақлҳои худро фидои идеологияи беруна кард ӯ. Аксари онҳо имрӯз аз барбод рафтани чандсоли умрашон пайи таълим дур аз кишвар пушаймонанд.
Ҳамин ваъдахилофиҳои Кабирӣ ба он оварда расонд, ки дар интихоботҳои баъдӣ дар ҳавзаи мазкур дигар касе ба ӯву ҳизбаш эътимод накард. Акнун он ҷавони айёме сиву панҷсола, имрӯз ба марди панҷоҳсола расид. Мардум чӣ хурду чӣ бузург имрӯз ҳақиқатро дарк кардаву сурату сирати ҳаркасро ба хуби шинохтааст. Имрӯз таълимгирифтаҳои мамалакатҳои арабӣ, фиристодаҳои Кабирӣ шояд хуб дарк карда бошанд, ки дар куҷову кадом рӯҳия ва кадом равияҳо маълумоташон додаанд. Зеро оташи ҷанги мазҳабию бародаркуш Сурияву Либия, Мисру Судон ва чандеи дигарро печонда гирифтааст ва гувоҳ аз побанди кадом мазҳаб бунаи онҳо шаҳодат медиҳад.
Мегӯянд, ки пулу мол касро маст мекунаду паст. Воқеан ҳам Кабириҳоро дороии «моҳии тилло» маст кард.Ҳар кадоме соҳиби ду ва ё се зан шуданд. Айшу ишрат чашми онҳо баставу дасташонро аз хайру сахо коста гардонд. Ҳатто меҳру муҳаббати инсониро аз қалби онҳо дур андохта. Шахсе, ки дар ҳар сухани худ муҳаббат аз Ватан , Модар мегуфт, вохӯрию воизӣ бо муҳоҷиронро ба хотири ҳадафҳои ҳизбӣ аз ҷанозаи модари худ авлотар донист. Садҳо километр дур аз бари ӯ, ҷанозаи модари азизашро бо телефон хонд. Ин кор хеле ва хеле ҳам хандаовару боиси афсӯсу надомат аст. Баъди ин дар бораи кадом муҳаббати Кабирӣ нисбати Ватан метавон бовар кард?! Дар чунин лаҳзаҳои ҳасос аз бари наздикон дур будан чӣ даҳшатест, ҳол ки шароити мусоиди хубу беҳтаре барои бозгашт дошт Муҳиддин.
Тӯли понздаҳсоли баъдӣ касе аз саховатмандии эшон дар Файзобод лаб во намекунад. Зеро ҳарчӣ дар дег ҳаст дар кафлес мебарояд. Дуруст гуфтаанд, ки :
Давлататро фил бардорад, миёнаш бишканад,
Ҳиммататро паша бардорад Ҳиндустон барад.
Арафаи интихоботҳо, ба қавле Кабириҳо хушсуханию дасткушодӣ ва саховатмандии хешро нишон доданӣ мешаванд, аммо дигар мардум чунин найрангҳои тамалуқкоронаи онҳоро хуш надорад. Зеро киву чикора буданашонро аз об ҳам рӯшантар медонанд.
Аз ҷониби Ваҳдат агар ба деҳаи Яккабед омаданӣ бошед, дар деҳаи Қасамдара чанд бинои бадвоҳимақомат рост кардааст. Чун соҳибонашро пурсон шудам ҷавобам доданд, ки аз Кабириҳост. Ҳатто шикоятомез аз роҳро тангу замини зиёдатиро ғасб кардани онҳо ҳарф заданд. Чандсад метр аз ин қасрҳо дар Ҳайтак мактаби дуошёна қарор дорад. Кабириҳо ҳам хатм кардаи ҳамин мактабанд. Мактаб ҳанӯз аввали солҳои навадум сохта шудааст. Сокинони деҳаҳои атроф, ки фарзандонашон инҷо таҳсил мекунанд бо нишони ихлосу муҳаббат аз Нозукой Шоазизова, ки замони муовини раиси ноҳия буданаш мактаб бунёд шудааст, сухан мекунанд. Шояд муҳаббати дар ҳамин деҳа зиндагӣ кардани гузаштагонаш Нозукойро водор сохта буд, ташаббускори бунёди таълимгоҳи мазкур гардад. Имрӯз бинои мактаб ба таъмири сахт ниёз дорад. Аммо дастгиру сарпарасти ҳимматбаланде лозим аст, ки ин кори хайро анҷом диҳад. Ду сол пештар ҳангоми тамошои ҳоли табоҳи синфхонаву толори варзишии мактаби мазкур, аз муаллимае пурсон шудам, ки чаро камҳавсалаанду Кабириҳои овозадорро барои таъмир ҷалб намекунанд.
Муаллима оҳи бадарде кашиду таъкид намуд, ки ба мардуми ин қаламрав дигар онҳо таваҷҷуҳ надоранд. Зеро киву чи кора буданашонро ҳама медонад. Ҳатто ба таълимӣ фарзандонашон эътибор намедиҳанд. Боре барои харидани лавозимотҳои таълимӣ барои синфхона ноилоҷ ба бобои Тилло мактуб навиштам то кумак намоянд, зеро наберааш дар синфам мехонд. Афсус, ки ба ин корҳо онҳо таваҷҷуҳ надоштаанд, -гуфт муаллима.
Чун Муҳиддин бародаронаш Якошаву Муҳаммадсолеҳ низ шаҳрӣ шуданд. Сафар бошад дар хонаи падарӣ монд, дар Қасамдара. Чамбари роҳбарӣ дар бинои ПМК, заводи асфалту хоҷагии деҳқонии «Истиқлол» ба дасташ афтод. Сафари узви ҲНИТ ҳам аз бародарони шаҳрияш қафо намонд. Саравал болои модари ҳаштфарзандаш зани дуюм гирифт. Медонист, ки дузанагӣ хилофи қонунҳои ҷории кишвараст, аммо эътибор надод. Баъдтар ба хотири раҳоӣ аз вазъият аз тариқи суди шаҳри Ваҳдат ақди никоҳи худро бо ҳамсари аввалааш бекор кард. Аммо офтобро бо доман пушонида намешавад. Имрӯз бо ду зан тариқи никоҳи мусулмонӣ истиқомат дораду соҳиби 13 фарзанд аст. Дар ишрат комёб шуд, аммо корҳои хоҷагияш бо ду по мелангаду дар қарз ғутида. Имрӯз фермаву дигар иншоотҳои хоҷагӣ рӯ ба нестӣ меорад.
Афсус, ки тайи солҳо моликиятҳои харидаи Кабириҳо ба нафъи мардуми Файзобод зарае нафъ наовард. На ба буҷа маблағҳо ворид шуду на касе соҳиби ҷойи кори нав гашт. Танҳо ҳамшаҳрии раиси ҲНИТ , ки имрӯз боиси нооромии ҷомеа гардидааст онҳоро насиб шудаву бас. Ҳама чизро оғоз ҳасту анҷом. Имрӯз роҳбарияти давлату кишвар дар пешрафти мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Чашми мардум кушода шудаву эшон дигар ба фанду ваъдаҳои бардурӯғи наҳзатиён боварию эътимод надорад. Ҳамин аст,ки дигар ҲНИТ дар хориҷа пушту паноҳи қавӣ надорад. Хоҷагони хориҷӣ ҳам «моҳии тилло»-ии худ Муҳиддин Кабириро дигар чандон пуштибонӣ намекунанд. Дар ин навбат «хоҷаи Хизр» ва «моҳии тилло» ҳам аз дасти Кабириҳо майли рафтан доранд, ки бародарон аз ватани аҷдодӣ, Тоҷикистони азиз роҳи гурез пеш гирифтаанд.
Бародари калонӣ Якоша имрӯз шаҳрвандии Россияро пазируфтаву дар Москва қарор дорад. Муҳаммадсолеҳ бошад, бо зану фарзандон дар Эрон зиндагӣ мекунад. Муҳиддин Кабирӣ бошад, дар оғуши гарми хоҷагони туркаш рӯз мегузаронад. Сафар бошад миёни қарзҳо ғутидаву дар ҷанҷоли занҳояш сархаму оҷиз монда.
Афсус, ки дар ин лаҳзаҳо кадоме аз фарзандон дар бари муйсафеди Тилло қарор гирифтаву қарзи фарзандӣ наздаш ба ҷо меоварда бошанд?!
Н, Расулпур,
рӯзноманигор
Комментарии (0)