Рӯҳонӣ: "Оғозгари ҷанге нахоҳем буд, ҳатто бо Амрико"
Раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми июн гуфт, ки Теҳрон хостори ҷанг бо Амрико нест, вале ба ҳар ҳамлае аз сӯи ин кишвар "посухи қатъӣ" медиҳад.
Ҳасани Рӯҳонӣ ин изҳоротро дар як нишасти хабарии муштарак бо Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон баён кард, ки бо сафари дурӯза ба Теҳрон рафтааст.
Ба гузориши хабаргузории нимарасмии "Тасним", Ҳасани Рӯҳонӣ дар қисмате аз изҳороташ гуфт, ки дар музокирот бо оқои Абе бар ин нукта таъкид кардааст, ки "агар мо шоҳиди бархе аз танишҳо ҳастем, решаи ин танишҳо бармегардад ба ҷанги иқтисодии Амрико алайҳи миллати Эрон".
Ба гуфтаи раиси ҷумҳури Эрон, "ҳар вақт ин ҷанг қатъ шавад, шоҳиди таҳаввулоти бисёр мусбате дар Эрон ва ҷаҳон хоҳем буд".
Яке аз мавзӯъҳои дигари меҳварӣ, ки Ҳасани Рӯҳонӣ мегӯяд бо оқои Абе матраҳ кардааст, ин будааст, ки "мо дар минтақа оғозгари ҳеҷ ҷанге нахоҳем буд, ҳатто бо Амрико, аммо агар ҷанге алайҳи мо бихоҳад оғоз шавад, посухи қотеъ хоҳем дод".
Мақомҳои Эрон аз таҳримҳои фалаҷкунандаи Амрико алайҳи Теҳрон, ки бисёре аз бахшҳои иқтисоди Эронро ҳадаф қарор додааст, ҳамчун "ҷанги иқтисодӣ" ё "терроризми иқтисодӣ", ном мебаранд.
Ин таҳримҳо пас аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон сахттар шуд. Доналд Трамп Эронро ба барҳам задани субот ва амният дар Ховари Миёна муттаҳам карда ва гуфтааст, ки дар пайи созиши нав бо Ҷумҳурии исломӣ аст.
Абе аз Эрон хост, ки "нақши созанда" ифо кунад
Шинзо Абе дар нишасти хабарии рӯзи чаҳоршанбе аз Эрон хост то нақше созанда дар барқарории амният ва субот дар Ховари Миёна иҷро кунад ва гуфт, ки Ҷопон қасд дорад дар ин росто ҳар кореро анҷом диҳад.
Ба гузориши хабаргузории "Тасним", вай дар ибтидо изҳор дошт, "бархе суханони ман, ки ҳаминҷо барои мардуми Эрон хоҳам гуфт, шояд ба гӯшҳои шумо хуш набошад ё гӯшнавоз ҳам набошад, аммо чун ман орзу дорам, ки кӯмарасон ва пуштибони шумо бошам, ба худ ҷасорат медиҳам, ки ин ҳарфҳоро бигӯям".
Нахуствазири Ҷопон изҳор дошт, "дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Ховари Миёна таниш рӯ ба афзоиш аст ва мутахассисон ҳам ба рӯй додани даргирии эҳтимолӣ ишора мекунанд. Аммо лозим аст ба ҳар қимате ва ҳар тавре, ки шуда, ҷилави даргирии низомӣ гирифта шавад".
Ба гуфтаи оқои Абе, "сулҳ ва субот дар Ховари Миёнаро бояд пойдортар кунем ва аз рӯй додани даргирии тасодуфӣ ҷилавгирӣ кунем, лозим аст, ки Эрон нақши созандаи худро ифо кунад". Вай хостори "бурдбории бештар"-и тамоми тарафҳои даргир дар бӯҳрон шуд ва ҳушдор дод, ки ин вазъият метавонад аз контрол хориҷ шавад.
Таниш дар Ховари Миёна
Дар ҳафтаҳои ахир ва пас аз ирсоли нови ҷангии Амрико ва чанд ҳавопаймои ҷангии F-52 ба Халиҷи Форс, танишҳо миёни ИМА ва Эрон боло гирифт ва коҳиши бархе ӯҳдадориҳои Теҳрон дар созиши ҳастаӣ ва таҳримҳои нави Вашингтон, эҳтимоли сар задани даргирӣ миёни ду кишварро афзоиш додааст.
Нахуствазири Ҷопон, ки моҳи гузашта бо раиси ҷумҳури Амрико мулоқот карда буд, дар дидор бо раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон ният дорад, то танишҳоро аз байн бурда ё ҳадди ақал коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Эрон дар изҳороти худ гуфтааст, ки дар музокироти хусусӣ ва ҳамчунин ҳайатҳои ду кишвар "дар бораи робитаҳои ду кишвар ва сармоягузории Ҷопон дар Ҷануби Эрон, махсусан дар Чобаҳор ва соҳилҳои Макрон, суҳбат кардааст". Ба гуфтаи вай, "Ҷопон алоқаманд ба идомаи хариди нафт аз Эрон ва робитаҳои молӣ, илмӣ ва фарҳангӣ аст".
Дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ воридоти Ҷопон аз Эрон тақрибан 1 миллиард доллар будааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 15 дарсад кам мебошад. Содироти молу коло аз Ҷопон ба Эрон дар ин давра ҳамагӣ 14 миллион доллар будааст. Нафт маҳсулоти умдае буд, ки Ҷопон қабл аз таҳримҳои Амрико аз Эрон ворид мекард.

Комментарии (0)