300 млн доллар. "Тоҷиксодиротбонк" саҳмияҳои худро мефурӯшад
“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.
Вале коршиносон мегӯянд, қарзҳои зиёди мушкилситон ва уҳдадориҳои зиёд дар назди мизоҷон ду садде аст, ки метавонад сармоягузоронро аз харидани саҳмияҳои бонк гурезонад.
Дар "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ин ҳамон саҳмияҳое ҳаст, ки ҳангоми ба мушкил дучор шудани бонк дар ду соли пеш давлат онро харида буд. "Соли 2017 давлат 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда, саҳмияҳои бонкро харида буд. Қарор буд, бонк дар давоми 5 сол маблағро ба давлат бозгардонад. Ҳоло маъмурияти бонк кӯшиш дорад ин саҳмияҳоро фурӯхта, маблағро ба давлат диҳад", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Айни замон маъмурияти "Тоҷиксодиротбонк" бо сармоягузорони Арабистони Саудӣ аз ширкати Saudi Investment Group, ки ба шоҳзода Ал-Валид аз хонадони Оли Сауд марбут аст, барои фурӯши саҳмияҳош вориди гуфтугӯ аст. Соле қабл маъмурияти "Тоҷиксодиротбонк" гуфта буд, ба ин ширкати Саудӣ 51 дарсад аз саҳмияҳошро мефурӯшад, аммо то ба ҳол ин доду ситад анҷом нашудааст.
Дар “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, музокирот бо ин ширкат идома дорад.
Дар поёни соли 2018 маъмурияти бонк эълон кард, ки Корпоратсияи роҳҳои оҳани “Ҷунан”-и Чин нияти харидории саҳмияҳоро дорад ва омодааст 200 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Вале ин ширкати чинӣ ҳам то ба ҳол ҳозир нашуд саҳмияҳои бонкро бихарад.
"Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" пас аз рукуди иқтисодии Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил шуда, дар пардохти пули муштариён оҷиз монданд.
Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози соли 2017 бо ихтисоси 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" талош кард, ин ду бонкро аз вартаи касодшавӣ наҷот диҳад.
То ба ҳол пардохтпазирии ин бонкҳо пурра барқарор нашудааст ва даҳҳо амонатгузорон ҳанӯз интизори бозгардони маблағҳояшон аз бонкҳо ҳастанд.
Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда ва дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.
Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.

Комментарии (0)