Иштироки писар ва домодҳои президент дар тӯйи фарзандони амири Дубай
Писари даҳсолаи президенти Узбекистон Алишер Мирзиёев, наберааш Миромон ва домодҳояш – Ойбек Турсунов ва Отабек Умаров – дар тӯйи писарони нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб ва амири Дубай Шайх Муҳаммад бин Рашид ал-Мактум иштирок кардаанд. Ин маросим рӯзи 6-уми июни имсол баргузор шуд.
Дар бораи иштироки намояндагони оилаи президент Шавкат Мирзиёев Отабек Умаров бо гузоштани аксе дар саҳифааш дар "Инстаграм" хабар дод.
Дар акс дида мешавад, ки амири Дубай дастонашро рӯи шонаҳои писари Мирзиёев гузоштааст ва домодҳои раиси ҷумҳури Узбекистон дар як саф бо писарони шайх истодаанд.
Ойбек Турсунов муовини аввали раҳбари дастгоҳи иҷроияи президент ва Отабек Умаров – муовини аввали раиси хадамоти амнияти раиси ҷумҳури Узбекистон аст.
Рӯшан нест, ки аъзои хонаводаи шавкат Мирзиёев дар тӯйи писарони амири Дубай ҳукумати Узбекистонро намояндагӣ кардаанд ё дӯстона ба онҷо рафтаанд. Хадамоти матбуоти ҳукумати Узбекистон дар бораи ҳузури намояндагони хонаводаи Мирзиёев дар тӯйи оилаи рақами яки Дубай хабар надодааст.
Амири Дубай ва ҳамзамон нахуствазири Имороти Муттаҳидаи Араб дар рӯзҳои таҷлил аз Иди Фитр якбора се писарашро оиладор кард. Дар ин маросим асосан меҳмонон аз хориҷа ва кишварҳои арабӣ буданд.
Маросим дар маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Дубай бургузор шуд. Ба хабари расонаҳо, агар вазъи молии амири Дубайро ба назар гирем, тӯйи фарзандони ӯ хеле хоксорона гузаштааст.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, моҳи марти имсол дар ҷараёни сафараш ба Имороти Муттаҳидаи Араб бо амири Дубай мулоқот карда буд. Он замон расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки сафари Мирзиёев ба Иморот “пурҳосил” буд ва дар ҷараёни он чанд созишномаи муҳим, аз ҷумла тарҳҳои сармоягузорӣ ба маблағи беш аз даҳ миллиард доллар имзо шудааст. Дар бораи онки чӣ қадар аз ин маблағҳо ба Узбекистон ворид шудааст, иттилое дар даст нест.
Элитаи ҳукмрон дар Узбекистон аз замони раёсати Ислом Каримов бо амири Дубай робитаи зич доранд.
Бино ба санадҳое, ки дар ихтиёри бахши узбекии Радиои Озодӣ ҳаст, бисёре аз мансабдорони кунунӣ ва пешини Узбекистон дар Дубай соҳиби хонаҳои гаронқимат, ширкат ва ҳисобҳои бонкӣ ҳастанд.
Тоҷироне, ки дар солҳои ҳукумати Ислом Каримов ба ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам буданд, низ дар Дубай паноҳгоҳ ёфтаанд.

Комментарии (0)