Маслиҳати Путин ба кӯдакони тамоми ҷаҳон: бигзор Инҷил, Таврот ё Қуръон хонанд
Зеро дар ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешаванд. Агар мо онҳоро пайгирӣ кунем, ин қонунҳоро риоя кунем, ҷаҳон беҳтар мешавад, гуфтааст Путин
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфтааст, ки барои кӯдакон хондани Инҷил, Таврот ё Қуръон аз манфиат дур нест, зеро дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешаванд.
"Бигзор Инҷил хонанд, ки дар ҳама ҳолат аз манфиат холӣ нест, бигзор Таврот ё Қуръон хонанд. Ҳамаи ин китобҳо ба пуррагӣ ба манфиати писаракон ва духтаракон аст", - гуфтааст Путин дар мулоқот бо рӯзноманигорони хориҷӣ.
Рӯзноманигорон аз президенти Русия пурсидаанд, ки ӯ ба тамоми кӯдакони ҷаҳон хондани кадом китобҳоро тавсия медиҳад.
"Зеро дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ ғояҳои инсондӯстӣ ташвиқ карда мешавад. Агар мо онҳоро пайгирӣ кунем, ин қонунҳоро риоя кунем ҷаҳон беҳтар мешавад", - афзудааст Владимир Путин.
Комментарии (0)