Олмон дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳояшро мекушояд

Олмон дар Тоҷикистон намояндагии бонкҳояшро мекушояд
Ин масъаларо сафири тоҷик дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо президенти  Бонки федеролии Олмон баррасӣ кардааст

Сафири  Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо рӯзи 5 июн бо президенти  Бонки федеролии Олмон дар музофотҳои Берлин ва Бранденбург ҷаноби Клаус Тиггес дидору мулоқот кардааст.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор вусъати ҳамкориҳои муассисаҳои молиявии Тоҷикистон бо Бонки федералӣ баррасӣ шудааст.

"Имкони ифтитоҳи намояндагии бонкҳо аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки дар мулоқот мавриди баррасӣ гирифтаанд",-омадааст дар хабарнома.

Пештар Соҳибназар Ғайратшо аз Олмон даъват кард, ки ба Тоҷикистон дар беҳтарсозии шароити озмоишгоҳҳои метрологӣ, пажӯҳишгоҳҳои кишвар ва такмили ихтисоси кормандони соҳа мусоидат кунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий