Фирори як мансабдори Вазорати нақлиёт аз Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон зидди мудири пешини бахши ҳуқуқии Вазорати нақлиёт парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Зафар Ҳафизов ба он муттаҳам аст, ки гӯиё беш аз 180 ҳазор сомонӣ, муодили 17 ҳазор евро пули ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"-ро аз худ карда, боис шудааст, ин ширкат дар як мурофиаи додгоҳӣ дар хориҷа шикаст хӯрад. Гуфта мешавад, баҳси ширкати "Тоҷик Эйр" бо коршарики литвониаш дар ҷаласаи солонаи ҳукумат боис ба нигаронӣ шудааст.
Феълан дар куҷо будани Зафар Ҳафизов ва ҳамчунин мавқеи ӯву наздиконаш ба ин ҳодиса маълум нест. Масъулони ширкати "Тоҷик Эйр" мегӯянд, ӯ аз кишвар фирор кардааст.
Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки Зафар Ҳафизов ҳоло аз кор рафтааст ва ба ҷойи нафари дигар бахши ҳуқуқи ин вазоратро роҳбарӣ мекунад. Масъулони Вазорати нақлиёт нагуфтанд, ки Зафар Ҳафизов феълан дар куҷо аст.
Як намояндаи ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 6-уми июн дар Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, Зафар Ҳафизов муваззаф буд аз манфиати ин ширкат дар баҳс бо ширкати “Скайроуд Лизинг” дар Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюси Литва ҳимоя кунад. Аммо ба гуфтаи ӯ, "Ҳафизов дар мурофиаҳо иштирок накард ва боис шуд, "Тоҷик Эйр" аз коршарики литвонии худ дар додгоҳи ҳакамӣ шикаст хӯрад ва ба пардохти 20 миллион доллар маблағ муваззаф шавад."
Алайҳи Зафар Ҳафизов бар асоси қисми дуи моддаи 322-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Ба гуфтаи масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” онҳо бо ширкати литвонии “Скайроуд Лизинг” аз соли 2009 ҳамкорӣ доранд ва онҳо аз ин ширкати литвонӣ ду ҳавопаймои "Боинг"-ро тариқи лизинг ба иҷора гирифтанд.
Вале ин ду коршарик соли гузашта бар сари 20 миллион доллар пули иҷораи ҳавопаймо ва баҳраҳои он вориди баҳси додгоҳӣ шуданд ва 25-уми апрели соли 2018 Додгоҳи арбитражӣ ё ҳакамии шаҳри Вилнюс қарор кард, “Тоҷик Эйр” ин маблағро пардозад. Шикояти “Тоҷик Эйр” дар додгоҳҳои Литва рад карда шуд. Аммо дар муқобил додгоҳҳои Тоҷикистон низ қарори Додгоҳи арбитражи шаҳри Вилнюсро эътироф накарданд.
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе қарори Додгоҳи арбитражи Вилнюсро рад кард ва ширкати литвонӣ ҳоло баҳсро ба Додгоҳи олии иқтисодӣ кашондааст.
Мувофиқи муқаррарот барои иҷрои қарорҳои додгоҳи арбитражии хориҷӣ бояд додгоҳҳои Тоҷикистон онро эътироф ва барои он варақаи иҷро диҳанд. Дар ғайри сурат ҳукми додгоҳи кишвари хориҷӣ дар Тоҷикистон қувваи қонунӣ надорад.

Комментарии (0)