Саакашвилӣ аз Зеленский хост, шаҳрвандии ӯро барқарор кунад

Саакашвилӣ аз Зеленский хост, шаҳрвандии ӯро барқарор кунад
Михаил Саакашвилӣ, собиқ президенти Гурҷистон ва замоне раҳбари вилояти Одесса, аз президенти нав хост, ки шаҳрвандии украинии ӯро барқарор кунад. Вакили Саакашвилӣ Руслан Чорнолутский рӯзи 22 май дар Фейсбук хабар дод, ки ба унвонии дастгоҳи президенти нави Украина Владимир Зеленский дар ин замина як дархосте навиштааст. Президенти собиқ Петро Порошенко соли 2015 ба Саакашвилӣ шаҳрвандии Украинаро тақдим ва ба мақоми волии Одесса мансуб кард. Баъди ин мақомот дар Гурҷистон бо баҳонаи ин ки қонунгузории Гурҷистон душаҳрвандиро иҷоза намедиҳад, Саакашвилиро аз ҳақи шаҳрвандӣ маҳрум карданд. Вале баъди як сол равобити Порошенкову Саакашвилӣ дар заминаи баҳсҳои марбут ба коррупсия бад шуд ва ноябри соли 2016 Порошенко Саакашвилиро аз мақоми раиси вилоят барканор кард. Июли соли 2017 баъди он ки Саакашвилӣ як ҳизби нави сиёсӣ бо номи “Ҷумбиши нирӯҳои нав”-ро таъсис дод, Порошенко бо судури фармоне шаҳрвандии Саакашвилиро ҳам аз ӯ гирифт. Саакашвилӣ ин қарори Порошенкоро “ғайриқонунӣ” ва мухолиф бо муқаррароти байналмилалӣ номида гуфтааст, ки Порошенко ӯро бидуни шаҳрвандӣ гузошт.
Саакашвилӣ гуфтааст, ки баъди ваъдаи Зеленский дар бораи он ки омода аст ба онҳое, ки барои ояндаи Украина хидмат мекунанд, шаҳрвандӣ тақдим кунад, тасмим гирифт аз ӯ кӯмак хоҳад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий