Маълумоти шахсии 49 млн корбари Инстаграм оммавӣ шудааст
Маълумот дар бораи 49 миллион корбари шабакаи иҷтимоии Инстаграм дар як пойгоҳи иттилои боз дар Интернет ошкор шудааст.
Ба иттилои расонаи TechCrunch, сухан аз саҳифаҳое меравад, ки шумори зиёди обуначӣ доштанд ва дар онҳо эъломҳо нашр мешуданд. Дар миёни онҳо гӯиё саҳифаҳои блогерон ва брендҳои маъруф низ ҳастанд.
Маълумот дар бораи корбарони мазкур дар пойгоҳи марбут ба як ширкати ҳиндустонӣ ошкор шуд, ки бо фурӯши эълом дар Инстаграм машғул аст. Кормандони он маълумоти корбаронро дар шабака нигоҳ медоштанд
То муроҷиати TechCruch ба ширкат, маълумоти умумӣ (шумори обуначиён, кишвари соҳиби саҳифа) ва шахсии 49 миллион корбар (нишони электронӣ ва рақами телефони соҳиби саҳифа) дар Интернет дастраси умум будааст.
Моҳи апрели соли равон саҳмдорони Facebook, ки Инстаграм ба он тааллуқ дорад, аз раҳбари шабакаи иҷтимоӣ Марк Сукерберг хостанд, истеъфо диҳад. Ба гуфтаи онҳо, арзиши саҳмияҳои шабака ба далели баҳсҳо атрофи маълумоти шахсии корбарон поин рафтааст.

Комментарии (0)