Задухӯрд дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат
Бино ба хабарҳои расида, дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ("Кирпичний") задухӯрд сар задааст. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон гуфт, даргирӣ байни аъзои маҳкумшудаи "Ҳизби Таҳрир" ва зиндонбонҳо шоми 19-уми май иттифоқ афтод.
Ин иттлоъро манбаи дигар низ тасдиқ мекунад ва гуфта мешавад, дар ин даргирӣ чандин нафар кушта ва захмӣ шудаанд.
Мақомот то ба ҳол ҳодисаро тасдиқ ё рад накарда, дар бораи шумораи захмиён ва кушташудаҳо низ чизе нагуфтаанд. Сабабҳои ҳодиса ва ҷузъиёти он дақиқ нест.
Баъзе аз сокинон гуфтанд, ки чанд мошини "Ёрии таъҷилӣ", гуруҳи зудамал ва оташнишонҳо ба тарафи маҳбаси шаҳри Ваҳдат рафтаанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар зиндони "Кирпичний" дар шаҳри Ваҳдат ҳудуди якуним ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешаванд. Аксари онҳо бо ҷурми ифротгароӣ маҳкум шудаанд.
Задухӯрд дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯби хунин дар зиндони рақами сеи Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ошӯби моҳи ноябри соли гузашта дар шимоли кишвар аз ҳисоби зиндониҳо ва маъмурони маҳбас беш аз бист нафар кушта шуданд.
Таҳқиқи ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷандро гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Тоҷикистон анҷом дод. Сӣ нафар аз зиндониҳо дубора дар курсии айбдорӣ нишастанд. Додгоҳ охири ҳафтаи гузашта ҳашт маъмури зиндони Хуҷандро барои роҳ додан ба ошӯб маҳкум кард.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, гурӯҳи ошӯбгарон, ки дар миёни онҳо асосан маҳкумшудаҳо барои узвият дар созмонҳои ифротӣ ва мамнӯе ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, мехостанд аз зиндон фирор кунанд. Вале манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки бадрафторӣ нисбат ба зиндониҳо ва поймолкунии ҳуқуқашон, сабаби аслии сар задани ошӯб гардид.
Қаблан раҳбарони корпусҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ин ҳодиса ҳамаҷониба ва аз рӯи қонун баррасӣ шавад.
Комментарии (0)