Аврупо аз Владимир Зеленский талаб кардааст, ки қарзҳои калони Украинаро баргардонад
Комисари Аврупо доир ба масъалаҳои ҳамсояҳо ва васеъшавӣ Йоханнес Хан, шарҳ дод, ки бо кадом мушкилот дар моҳҳои аввал Владимир Зеленский, раисҷумҳури тозаинтихоби Украина метавонад рӯ ба рӯ шавад
Владимир Зеленский, раисҷумҳури тозаинтихоби Украина бояд ба баргардонидани қарзҳои калони кишвар таваҷҷуҳ хос зоҳир намояд, эълон кард Комисари Аврупо доир ба масъалаҳои ҳамсояҳо ва васеъшавӣ Йоханнес Хан дар суҳбат бо хабарнигорон.
Ба гуфтаи вай, Зеленский ҳамчунин бояд масъалаи шартномаи нав миёни Русияву Украинаро барои содироти газро, ки дар охири соли 2019 ба анҷом мерасад, ҳалу фасл намояд.
“Ӯ дар ҳафта ва моҳҳои аввал ба ду мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шавад: аввал ин масъалаи қарз аст. ӯ бояд дарк намояд, ки барои ҳалли пардохти қарз калон роҳи ҳал пайдо кард. Мардум бояд ба ҳамин масъала аҳамият диҳанд. Дуюм ин масъала ба анҷом расидани шартномаи газ бо Русия мебошад, дар охири соли равон ба анҷом мерасад”, - таъкид намуд комиссари Аврупо.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Украина дар моҳи марти соли 2019 қарзи давлатии кишвар ба 78,7 млрд доллар расидааст.
Дар ҳамин ҳол дар се моҳаи аввали соли равон Украина беш аз 4,7 млрд. долларро пардохт намудааст. ҳамагӣ то соли 2020 Украина бояд 17 млрд. доллар қарзҳои дохиливу хориҷиро пардохт намояд.
Комментарии (0)