Раиси Бонки миллӣ шахсан ба арзу шикоят ва эродҳо ҷавоб медиҳад

Раиси Бонки миллӣ шахсан ба арзу шикоят ва эродҳо ҷавоб медиҳад
Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки акнун барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва зерсохторҳои онҳо суроғаи электронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон фаъол гаштааст

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар баробари телефони боварӣ ва суроғаи электронии қаблан фаъол буд, акнун суроғаи электронии раиси Бонки миллӣ барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ низ фаъол гаштааст.

Тавре манбаъ қайд намудааст, иқдоми мазкур аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ ва ҳифзи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ роҳандозӣ шудааст.

“Барои қабули арзу шикоят ва эроду пешниҳод нисбати хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ ва зерсохторҳои онҳо дар баробари телефони боварӣ +(992) 44- 600-15-20 ва суроғаи электронии ALLOMUSHTARI@NBT.TJ Бонки миллии Тоҷикистон, суроғаи электронии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо нишонаи RaisiBMT@nbt.tj фаъол аст, ки арзу шикоятҳо бевосита аз ҷониби Раиси БМТ мавриди баррасӣ қарор мегиранд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Ҳамчунин Бонки миллӣ афзудааст, ки дар баробари ин телефони +(992) 44- 600-31-41 барои қабули арзу шикоят ва пешниҳодҳо нисбати фаъолияти низоми бонкӣ низ фаъол мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий