“Схема”-и пулкоркунӣ ва роҳи баста барои бекасҳо ба гумрук: саркардаҳо маълум шуданд - (НАВОР)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон шева, ё худ “схема”-и пулкоркунии ғайриқонуниро дар мақомоти гумрук баён дошта, изҳор дошт, ки ягон бекасу бечора ба ин сохтор роҳ намеёбад
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон масир, ё худ маршрутҳо дар кишвар миёни мақомдорони гумрук тақсим шудаанд ва роҳбарони он дар дастгоҳи марказии ин ниҳод нишастаанд.
Раисиҷумҳур зимни ҷаласаи ахир дар хитоб ба Хуршед Каримзода, ки аз моҳи январи соли 2018 Хадамоти гумрукро роҳбарӣ мекунад, изҳор дошт, ки маршрутҳо дар кишвар тақсим шудаанд.
“Каримзода, маршрутҳоро тақсим кардаанд, терминалҳоро тақсим кардаанд. Шиштагиянд аз барат. Аз муовинҳоят сар карда, то сардорони раёсатҳо аз ҳамин ҷо роҳбарӣ мекунанд. Ҳисобу китоб, тақсимот мекунанд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур бо зикри қасрҳо, мошинҳои гаронарзиш ва 3-4 зани бархе аз мақомдорони гумрук инчунин иттилоъ дод, ки тариқи қочоқу сохтакориҳо дар декларатсияҳо мақомдорони гумрук фасодкорӣ мекунанд.
“Ман дар вақти таъин кардан огоҳ карда будам. Шумо ду муовини дигарат ҳам дар гузаргоҳҳо кор кардаанд. Тамоми тарзи қочоқро медонанд, чунки аз сатҳи поён кор кардаанд ва худашон ҳам мумкин дар вақташ даст доштанд, роҳҳоро медонанд. Таъкид кардам, поквиҷдонона кор кунед, барои чӣ садди роҳ намешавед?”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Хуршед Каримзода ва муовинҳояш.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ҳоле ки барои роҳбарии шаҳру навоҳӣ кадр намеёбад, барои кор дар мақомоти гумруку андоз навбат меистанд ва таъкид намуд, ки миёни мақомдорони ин сохтор ягон бекасу бечора нест.
Видеои комили мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони молия, гумрук ва андоз:
“Ҳамаатон, ягонтаатон бекас нестед. Ҳозир бигӯям, Вазорати маориф ба кор намераванд, Вазорати иқтисод кор намераванд, раиси шаҳру ноҳия таъин мекунем, кадр нест. Дар гумруку андоз, навбат”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур афзуд, миёни мақомдорони ин сохтор бачаҳои бечора нестанд ва дар хитоб ба онҳо таъкид намуд, ки манфиати давлат ва миллат аз ҳама боло гузошта шавад.
Комментарии (0)