Раҳмон хоҳиши раиси Кумитаро рад кард: Кодекси андоз нав мешавад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои пешрафт зарур донист, ки фоизҳо ва нозирони андоз дар кишвар коҳиш дода шаванду низоми муосири андозбандӣ роҳандозӣ гардад
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук ва бонкҳо иттилоъ дод, ки Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз борҳо хоҳиш кардааст, ки теъдоди нозирон дар кишвар зиёд карда шаванд.
“Роҳбари Кумита ҳар вақт пешниҳод мекунанд, ки кормандони андозро зиёд кардан даркор. Ана буҷет 400 миллион буду, ҳозир 24 миллиард шудаст, кормандонро зиёд даркор, мо ба ҳамаи ҷо намерасем”, - изҳор дошт Раҳмон аз қавли Давлатзода.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни радди ин пешниҳод таъкид кард, ки баръакс кормандонро камтар кардан зарур аст.
“Баръакс кам кардан даркор. Бо низоми нави рақамӣ, низомҳои муосир пеш рафтан даркор аст. Методҳои куҳна тамом”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳур Ҳукуматро муваззаф кард, ки барои саноатикунонии кишвар ва татбиқи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ соли 2020 Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия ва татбиқ кунад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки кор дар ин самт аз ҳозир оғоз карда шавад ва зарур донист, ки фоизҳои андозҳо низ камтар карда шаванд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур боло бурдани фоизҳои андоз самаранок нахоҳад буд, чун дар ин сурат ягон корхона ва ягон нафар фоидаашро дуруст нишон нахоҳад дод ва таъкид намуд, ки бояд моҳирона имтиёзҳою сабукиҳо муқаррар гарданд, то барои рушди иқтисодиёт мусоидат кунанд.
Комментарии (0)