Вазири адлия: пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ пурзур карда шавад
Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон аз мақомоти вилояти Суғд тақозо намудааст, ки фаъолияти худро дар таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам беҳтар намоянд
Ахиран дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозии методӣ доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Шӯро, раисони шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони сохторҳои мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни ҷаласа вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод, дар бораи натиҷаи кори Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ доир ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, роҷеъ ба масъалаҳои таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат, фаъолияти Шӯроҳои маҳаллӣ, ҳифзу ҳуқуқи инсон ва беҳтар намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ин самт суханронӣ намуд.
“Шӯроҳои маҳаллӣ бояд фаъолияти худро боз ҳам ҷоннок намуда, бахусус дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо ҳаракатҳои ифротӣ муборизаро пурзӯр намоянд. Дар ин самт зарур аст, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ тақвият ёбад”, - таъкид намудааст вазири адлияи Тоҷикистон зимни суханрониаш.
Инчунин, дар ҷаласаи мазкур Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини Раиси вилояти Суғд иштирок дошт ва барои боз ҳам беҳтар фаъолияти намудани Шӯро фикру андешаҳои худро баён кард.
Ҳамзамон, дар ҷаласаи Шӯрои вилоятӣ намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Содиқ Шоназаров, директори Муассисаи давлатии “Маркази ёрии ҳуқуқӣ” - и назди Вазорати адлияи Тоҷикистон Лоиқ Нусратов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” Асадулло Зикрихудоев ва сардори Раёсати адлияи вилоят Мамлакат Раҳматзода доир ба мавзъҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон изҳори назар карданд.
Манбаъ зикр намудааст, ки дар ҷаласа ҳамчунин доир ба натиҷаи татбиқи пилотии ёрии ҳуқуқӣ маълумот пешниҳод гардид.
Манбаъ афзудааст, ки ҷаласаи мазкур дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Барномаи СММ ва Конфедератсияи Швейтсария баргузор шудааст.
Комментарии (0)