Шойгу: Русия пойгоҳи низомии худро барои пас задани ҷангҷӯёни афғон омода мекунад
Вазорати дифоъи Русия ба шарикони худ дар Осиёи Марказӣ барои такмили ва тавони размии артишҳояшон кумак хоҳад кард, гуфт Сергуй Шойгу, вазири дифои Русия
Вазорати дифои Русия тавони размии пойгоҳҳояшро дар Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш медиҳад, то аз воридшавии ҷангҷӯён аз минтақаҳои шимоли Афғонистон ҷилавгирӣ намояд, эълон кард Сергей шойгу вазири дифои Русия.
“Бо ин мақсад Русия тавони размии пойгоҳҳояшро дар Тоҷикистону Қирғизистон афзоиш медиҳад. Тавоноии онҳоро дар ҳолатҳои буҳронӣ афзоиш хоҳем дод”, - гуфт Сергей Шойгу зимни ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ дар Бишкек.
Вай афзуд, ки вазорати дифои Русия ба шарикони худ дар минтақа дар такмили ва тавони размии артишҳояшон кумак мерасонад.
“Пеш аз ҳама сухан дар бораи таъмини силоҳу аслиҳа ва техникаҳои низомӣ инчунин, такмили ихтисоси кадрҳо ва тавонмандии артиш меравад. Танҳо ҳамин рӯз дар як маросими пуршукуҳ ба артиши Қирғизистон чархболҳои Ми-8МТ ва мошинҳои ҷангии БРДМ-2М супоридем”, - таъкид кард Шойгу.
Қарор аст, дар моҳи сентябри соли равон дар майдони машқии Донгуз (вилояти Оренбурги Русия) машқҳои “Марказ-2019” баргузор гардад, ки дар он чораҳои таъмини амнияти кишварҳои Осиёи Марказӣ тамрин мегардад. Ба машқҳои мазкур низомиёни кишварҳои узви СҲШ даъват шудаанд.
Инчунин, пешниҳод шуд, ки баъзе аз тамринҳои амалӣ дар майдонҳои машқии кишварҳои СҲШ гузаронида шавад.
“Хулосаи ниҳоиӣ бораи иштирок дар машқҳои мазкурро интизорем. Ҳангоми гузаронидани он таҷрибаи Сурия ба инобат гирифта мешавад. Бар онем, ки донистани тактики террористон имкон медиҳад барои мубориза бо онҳо механизмҳои судманд ҳосил намоем”,- қайд намуд Шойгу.
Ёдрас мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.
Тибқи шартномаи ба имзо расида миёни Тоҷикистону Русия пойгоҳи мазкур то соли 2042 дар Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.
Комментарии (0)