БОЗДОШТИ СУХАНГӮИ ҚӮШУНҲОИ МАРЗБОНИИ КДАМ БАРОИ ИФШОИ СИРРИ ДАВЛАТӢ
Ба гуфтаи ду манбаи сомонаи «Ахбор», Муҳаммад Улуғхоҷаев - котиби матбуотии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) ба далели ифшои сирри давлатӣ аз ҷониби мақомоти амниятӣ боздошт шуда, тақрибан 10 рӯз боз дар ҳабс қарор дорад. Ба гуфтаи мусоҳибони «Ахбор», Улуғхоҷаев гӯё кадом маълумоти сирриро ба як созмони хориҷӣ додааст. Дар пайи ҳабси сухангӯи нирӯҳои марзбонӣ, раиси КДАМ Саймумин Ятимов ба тамоми вазорату идораҳои давлатӣ расман нома навиштааст, ки минбаъд котиби матбуотӣ ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати раҳбараш хабар ё маълумотеро берун барорад, ё дар ҳузури хабарнигорон қарор диҳад.
Тибқи сарчашмаҳои хабарӣ, Улуғхоҷаев бо далели ин ки кадом маълумоти аҳамияти сиррӣ доштаро дар ихтиёри як созмони хориҷӣ қарор додааст ва ба ҳамин далел, аз ҷониби кормандони КДАМ дастгир шудааст. Ин иттилоъро ду манбаъ дар суҳбат бо «Ахбор» тасдиқ кард. Талошҳои тамос бо худи Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев натиҷа надод. Рақами телефони ӯ хомӯш аст ва аз гӯшӣ фақат садои оператор меояд ки мегӯяд: «Муштарӣ ҷавоб намедиҳад ё муваққатан дастнорас аст».
Ҳамсуҳбатони «Ахбор» мегӯянд, вақте гуруҳи фаврии КДАМ манзили истиқоматии Улуғхоҷаевро кофтукоб карданд, иттилои ба як созмони хориҷӣ додаи ӯро аз ноутбукаш пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ӯ ин маълумотро тавассути мессенҷер фиристодааст.
Тафсилоти дигари ин қазия маълум нест ва рӯшан нест, ки ин маълумоти сиррӣ дар бораи чӣ буд ва ба кадом созмони хориҷӣ фиристода шудааст. Мақомоти амниятӣ бар ин боваранд, ки ин муомила дар ивази пул сурат гирифтааст.
Ба сомонаи "Ахбор” ҳанӯз муяссар нашудааст, ки назари наздикони Улуғхоҷаевро дар бораи ин қазия бипурсад.
Дар пайи боздошти сухангӯи қӯшунҳои марзбонӣ, ба гуфтаи манобеи «Ахбор», генерал-полковник Саймумин Ятимов - раиси КДАМ ҶТ ба тамоми идораву вазорат ва кумитаҳои давлатӣ расман бо мактуб муроҷиат кардааст, ки «минбаъд котиби матбуотӣ ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати раҳбараш хабар ё маълумотеро берун барорад, ё дар ҳузури хабарнигорон қарор диҳад».Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев набераи духтарии шоир, нависанда ва драматурги маъруф, Нависандаи халқии Тоҷикистон, сардабири собиқи нашрияи «Пионери Тоҷикистон» ва мудири шуъбаи адабии нашрияи «Тоҷикистони Советӣ» Абдумалик Баҳорӣ (22.03.1927-3.12.2010) мебошад. Абдумалик Баҳорӣ бо силсилаи қиссаҳои фантастикиаш машҳур аст.
Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев ва дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, дар ҳамон ҷо ба камол расидааст ва мактаби миёнаро низ дар Хуҷанд хатм кардааст.
Сарчашма:

Комментарии (0)