Расулзода: Тоҷикистон ба таҷлили 80-солагии Ғалаба аҳамияти хос медиҳад

Расулзода: Тоҷикистон ба таҷлили 80-солагии Ғалаба аҳамияти хос медиҳад
Тоҷикистон ба таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои баргузории чорабиниҳои дахлдор ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.Дар ин бора Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав зимни муаррифии нақшаҳои раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 баён дошт."Ба чорабиниҳои марбут ба таҷлили 80-солагии Ғалаба таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад«, — таъкид кард сарвазир.
Вай афзуд, ки ҳамагон аҳамияти ҳифзи хотираи таърихи умумиро дарк мекунанд ва дар ин росто Тоҷикистон барои амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва таҷлил аз ин санаи пурарзиш ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.Сарвазир дар бораи нақшаҳои кишвар дар давраи раёсати он дар ИДМ сухан ронда, ба ҳамкориҳои гуманитарӣ ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, баргузории чорабиниҳо дар доираи барномаҳои байнидавлатии „Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил“, „Пойтахти варзишии Иттиҳод“, инчунин лоиҳаи байналмилалии „Пойтахти ҷавонони ИДМ“ ба нақша гирифта шудааст.Ба гуфтаи ӯ, ҷумҳурӣ қасд дорад ба фаъолияти Хазинаи байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстона, шӯроҳои ҳамкориҳои башардӯстона ва фарҳангӣ, инчунин шӯроҳои кор бо ҷавонон, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва дигар сохторҳои соҳавии ИДМ мусоидат намояд.
Ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ таҳти раёсати нахуствазири Русия Михаил Мишустин дар Маскав баргузор мешавад.Русия соли 2024 раёсати ИДМ-ро бар уҳда дорад. Соли 2025 раёсати Иттиҳод ба Тоҷикистон мегузарад. Ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои ИДМ 30 майи соли оянда дар Душанбе баргузор мешавад.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий