Маълуми шуд, ки вазири номдори Толибонро кӣ кушт
Гурӯҳи ДОИШ** эълом кард, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ, вазири муҳоҷирини ҳукумати толибон, дар пайи ҳамлаи интиҳории як узви ин гуруҳ кушта шудааст.Ҳаққонӣ чаҳоршанбе дар инфиҷоре дар назди вазорати умури муҳоҷирин ва удваткунандагон Толибон* кушта шуд.Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон* ахиран бо нашри баёнияе дар шабакаи иҷтимоии Х навишта, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ дар як ҳамлаи «ноҷавонмардонаи хавориҷ» кушта шудааст.Дар ин эъломияи Толибон* ишора шудааст, ки Халилулраҳмон Ҳаққонӣ «узви як хониводаи бузурги ҷиҳодӣ буд ва аз тарафи душманони Ислом бар сар ӯ панҷ милюн доллар ҷоизаи таъйин шуда буд; аммо ӯ имрӯз аз тарафи ҳамон хавориҷе кушта шуд, ки худро мусулмон мегуянд ва дигаронро такфир мекунад».
Халилулраҳмон Ҳаққонӣ мутаваллиди соли 1966 дар вилояти Пактиё дар шарқи Афғонистон буд. Ӯ падарамаки Сироҷиддин Ҳаққонӣ, сарпарасти вазорати дохилаи Толибон* бародари бунёнгузори шабакаи Ҳаққонӣ, Ҷалолиддини Ҳаққонӣ буд.
Ҷалолиддин Ҳаққонӣ аз фармондиҳони аршади муҷоҳидин дар баробари Шуравӣ дар даҳаи 1980 шинохта мешуд.Аз ибтидои эъломи кабинаи ҳукумати Толибон* пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон Халилулраҳмон Ҳаққонӣ ба унвони вазири умури муҳоҷирин ва удваткунандагон таъйин шуд, ки то замони кушта шуданаш дар ин вазифа боқии монда буд.*-гӯруҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад**-созмони террористии мамнӯъ дар Русия ва Тоҷикистон
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)