Муштзани тоҷик Акмал Убайдов қаҳрамони Осиё гардид

Муштзани тоҷик Акмал Убайдов қаҳрамони Осиё гардид
Муштзани тоҷик Акмал Убайдов зери вазни 60 кг дар Чемпионати Осиё дар Тайланд барандаи медали тилло шуд, дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, Акмал Убайдов дастпарвари мактаби варзишии 10 оид ба бокси шаҳри Душанбе мебошад. Дар финал ӯ бар намояндаи Ҷопон Сота Накайама бо ҳисоби 4:1 ғалаба ба даст овард.Убайдов дар роҳ ба финал муқобили намояндаи Қазоқистон Билбарс Жехен ва намояндаи Украина Айдер Абдураимов пирӯз шуд.Ҳамин тавр, пас аз 5 сол Акмал Убайдов барои Тоҷикистон аз Чемпионати Осиё медали тилло меорад. Охирин маротиба Баҳодур Усмонов соли 2019 аз Чемпионати Осиё соҳиби медали тилло шуда буд.
Ҳамчунин, дар таърихи бокси Тоҷикистон соли 2005 Ҷаҳон Қурбонов, Анвар Юнусов соли 2011 ва Баҳодур Усмонов соли 2019 барандагони медали тилло дар мусобиқаҳои Чемпионати Осиё мебошанд.
Қаблан манбаъ хабар джода буд, ки ду варзишгари тоҷик — Акмал Убайдов ва Парвиз Каримов — дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё, ки дар Тайланд ҷараён дорад, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд.Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило бо мағлуб кардани Богдан Толмачёв аз Украина барои ширкат дар даври ниҳоии мусобиқа мушарраф шуд. Муштзани тоҷик 11-уми декабр дар финал бо Сагиндик Тогамбай аз Қазоқистон барои унвони қаҳрамони Осиё талош меварзад.Бояд гуфт, ки дар ин мусобиқа аз миёни нӯҳ муштзани тоҷик (ҳашт мард ва як зан) се нафар — Шуҳрат Саломатов (67 кг) , Шаҳобҷон Шукуров (71 кг) ва Аҳмадҷон Саидов (86 кг) — медалҳои биринҷӣ гирифтанд.Дар сабқати мардон Меҳрон Шафиев (48 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Абдумалик Болтаев (80 кг) ноком шуда, аз идомаи рақобатҳо бенасиб монданд.Дар сабқати занон Тоҷикистонро танҳо як нафар — Миҷгона Самадова — намояндагӣ кард. Вай дар вазни то 57 кило дар дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани узбек Нигина Уктамова шикаст хӯрд.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур соҳиби панҷ медал гардидааст.Ин аввалин бор дар таърихи бокси тоҷик аст, ки муштзанҳои тоҷик дар қаҳрамонии Осиё панҷ медал ба даст овардаанд.Ин мусобиқа бо иштироки беш аз 200 муштзан аз 21 кишвари Осиё дар Тайланд 11-уми декабр ба поён мерасад. Мардон дар 13 вазн дар финал рақобат мекунанд.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий