Мақомоти Суғд гуфт дар кадом минтақа конҳои нав меҷӯянд

Мақомоти Суғд гуфт дар кадом минтақа конҳои нав меҷӯянд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи геологҳо дар бораи ҷутуҷӯи конҳои нав дар минтақаи Суғд хабар дод.Ба гуфтаи вай, имрӯзҳо дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Гулистон, Конибодом ва Истиқлол корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ идома дорад.Вай қайд кард, ки дар дигар мавзеъҳо барои дарёфти захираҳои иловагии маъданҳо амалиёти муайянкунӣ, баҳодиҳӣ ва ҷустуҷӯ ҷараён доранд.Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки натиҷаи фаъолияти геологҳо мебошад, ки имрўз дар ҳудуди вилоят корхонаҳои калонтарин ба истеҳсоли тилло, нуқра, сурма, сурб, нафту газ ва масолеҳи бинокорӣ машғул мебошанд ва бунёди корхонаҳои нави соҳа идома дорад.
Вай афзуд, ки геологҳо баҳри ҷустуҷӯю дарёфти конҳои нав, истихроҷ ва коркарди ашё, ки барои истеҳсоли нуриҳои минераливу масолеҳи сохтмон хеле заруранд, фаъолияти самарабахш бурда, ҳамзамон дар обёрӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо саҳми арзанда мегузоранд.
Раиси вилояти Суғд илова кард, ки дар замони муосир пешрафти соҳаҳои иқтисодиро бидуни рушди соҳаи геология тасаввур кардан ғайриимкон аст."Зеро дар истифодаи захираҳои мавҷуда сароғоз кашшофони қаъри замин нақши муассир доранд. Сарзамини мо бо сарватҳои табиӣ шӯҳрат дошт ва мардум онҳоро барои пешрафти кишвар ва беҳдошти зиндагӣ истифода мебурд«, қайд кард Раҷаббой Аҳмадзода.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий