Ҳушдори вазорати нақлиёт ба ронандагон: Ағбаҳо метавонад хатарнок бошанд
Ба сабаби боришоти барф дар кишвар дар роҳҳо ба амал омадани яхбандӣ ва меғ (туман) ногузир аст.Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Вазорати нақлиёт ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои бориши барф ва яхбандӣ ҳаракат дар ағбаҳо метавонад хатарнок бошад ва андешидани тадбирҳои махсусро тақозо менамояд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Вазорат аз ронандагони ҳама намудҳои нақлиёт даъват мекунад, ки ба сафар дар роҳҳои кӯҳӣ пешакӣ омода шаванд.
«Чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, инчунин дар мошин занҷирҳои автомобилии зидди лағжиш ва бел барои таъмини бехатарӣ дар қитъаҳои баландкӯҳ дошта бошанд», таъкид кардааст вазорат.
Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, моҳи декабр дар кишвар рӯзу шабҳои сард бо тағйирёбии ҳарорат ва аз меъёр 1 дараҷа паст фаромадани он пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо барфи зиёд меборад ва шамоли сахт (то 17-23 м/с) мевазад. Лиҳозо, дар роҳҳо метавонад яхбандӣ ва меғ (туман) ба вуҷуд ояд.
Ҳарорати ҳаво аз 1-13 дараҷа гармӣ то 1-14 дараҷаи хунукӣ тағйир меёбад, дар қисми шарқии ВМКБ он метавонад то 36-38 дараҷа паст шавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки омодагии роҳҳои кишвар ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон санҷида шавад.
Вай таъкид кард, ки ҳолати роҳҳо, пулҳо ва омодагии техника ва таҷҳизоти махсус бояд мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Бо ин мақсад бо фармоиши Вазир Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир ва роҳбарони зерсохторҳо ва корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат шомил шуданд. Гурӯҳро муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбарӣ мекунад.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)