ВКД Тоҷикистон муҳоҷиронро аз тағйирот дар қонунгузории Русия хотиррасон кард

ВКД Тоҷикистон муҳоҷиронро аз тағйирот дар қонунгузории Русия хотиррасон кард
Тоҷикистон аз шаҳрвандоне, ки қасди сафар ба Русияро доранд, даъват кардааст, қонунҳои муҳоҷиратро бодиққат омӯзанд.Вазорати корҳои дохилӣ ёдовар шуд, ки аз 5 феврали соли 2025 тағйирот ба қонунҳо дар бораи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Русия эътибор пайдо мекунанд.Тибқи ин тағйирот, дар Русия механизми махсуси ихроҷ амал мекунад.Бино ба ин, ба «рӯйхати сиёҳ» беш аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шомил шудаанд, ки бидуни сабти номи ҷои иқомат ва кор қарор доштанд ва доранд ва аз ин рӯ, вайронкунандагони қонун маҳсуб мешаванд.
Ин ниҳод ба ҳамватанон тавсия медиҳад, ки ному насаби ин рӯйхатро тафтиш кунанд ва дар сурати пайдо шудани онҳо фавран ба ин ниҳод, намояндагиҳои ВКД Русия дар Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва гар дар Русия бошанд ҳузури худро қонунӣ гардонанд.Ёдовар мешавем, ки аз 1 декабр дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дар ҳама гузаргоҳҳои минтақаи ҳавоии Маскав системаҳои нави назорати марзӣ ба кор шурӯъ карданд.Дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ворид шудан ба Федератсияи Русия изи ангушт ва акси чеҳраро пешниҳод мекунанд.
Қоидаҳо инчунин ба гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург, яке аз долонҳои асосии нақлиётӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия дахл хоҳанд дошт.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий