Содироти чӯбу тахта аз Удмуртияи Русия ба Точикистон 55% афзоиш ёфт

Содироти чӯбу тахта аз Удмуртияи Русия ба Точикистон 55% афзоиш ёфт
Аз аввали соли 2024 содироти чӯбу тахтаи аз минтацаи Удмуртияи Русия ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, иттилоъ додааст Россельхознадзор.Тибқи иттилои дафтари матбуоти Россельхознадзор, аз 1 январ то 4 декабр 3,851 ҳазор метри мукааб чӯбу тахта ба Тоҷикистон содирот шудааст.Ба иттилои ҳамин манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,48 ҳазор метри мукааб бештар аст.Ҳамин тавр ба иттилои манбаъ содирот 55% зиёдтар шудааст.
1 декабри соли 2024 дар Ҷумҳурии Удмуртияи Русия чорабинии назоратӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он интиқоли 44 метри мукааб чӯбу тахтаи барои Тоҷикистон пешбинишуда санҷида шудБар асоси натоиҷи санҷишҳо ба соҳибон шаҳодатномаи фитосанитарӣ дода шуд.Ёдовар мешавем, ки Гардиши коло миёни Тоҷикистону Русия дар 7 моҳи соли равон бештар аз 1,1 миллиард долларро ташкил медод.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,1% афзоиш ёфтааст.Ин нишондиҳанда барои Русия ва Тоҷикистон рекорд мебошад, зеро дар 7 моҳи соли ҷорӣ кишварҳо ҳамон миқдоре, ки дар 8 моҳи (январ-август) соли гузашта тиҷорат карда буданд карда буданд, додугирифт намудаанд.Ҳаҷми табодули колои Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои ҷаҳон аз моҳи январ то июли соли равон 27% афзуда, аз 5 миллиард доллар гузаштааст.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий