Раҳмон ҳамлаи маргбори террористӣ дар Покистонро золимонаву ваҳшиёна хонд
Эмомалӣ Раҳмон ба Осиф Алӣ Зардорӣ, раисиҷумҳури Покистон ва нахуствазири ин кишвар Шаҳбоз Шариф паёми ҳамдардӣ фиристод.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, номаи таслият дар иртибот ба ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди шаҳрвандони Покистон, ки бар асари ҳамлаи золимонаи террористӣ ба корвони мошинҳо дар минтақаи шимолу ғарби ин кишвар рух додааст, ирсол шуд."Мо ин амалкарди ваҳшиёнаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум мекунем«, — гуфтааст раисҷумҳур.
Кишвардори Тоҷикистон дар идома ба аҳли наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва мардуми дӯсти Покистон изҳори ҳамдардӣ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.Ба гузориши расонаҳои покистонӣ ҳодиса дар вилояти Хайбар-Пахтунхва рух дода, дар пайи он 42 нафар кушта шуданд.Фоҷиа замоне рух дод, ки микроавтобусҳои мусофирбар, ки мусулмонони шиъаро аз Парачинор ба Пешовар мебурданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Сухангӯи пулис Азмат Алӣ гуфт, ки корвон аз ҳудуди 200 мошин иборат буд.Муҳсин Нақвӣ, вазири умури дохилии Покистон, ин ҳодисаро „ҳамлаи террористӣ“ номид ва нахуствазир Шаҳбоз Шариф гуфт, масъулони ин ҳодиса муҷозот хоҳанд шуд.Мақомоти маҳаллӣ тафтишотро барои муайян кардани масъулони яке аз маргбортарин ҳамлаҳои солҳои ахир дар минтақа идома медиҳанд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуввумин таркиши қавии пурқурбонӣ дар Покистон тақрибан тайи ду ҳафтаи ахир аст.Рӯзи 9 ноябр низ дар истгоҳи роҳи оҳани Кветта чанде қабл аз рафтани қатораи Jaffer Express ба Пешовар таркиш рух дод, ки дар пайи он 27 нафар кушта ва 46 тани дигар захмӣ шудаанд.Ба гуфтаи мақомот, масъулияти ин ҳодисаро гурӯҳи низомии мамнӯи Артиши озодибахши Балуҷистон бар ӯҳда гирифтааст.
Сарчашма:sputnik.tj

Комментарии (0)