Мулоқоти сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар марз: тафсилот

Мулоқоти сарони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон дар марз: тафсилот
Тоҷикистон ва Қирғизистон масоили таъйини марзи муштаракро баррасӣ карданд.Раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев дар ин хусус ҷаласаи корӣ баргузор карданд.Дар ин бора хабаргузории «Ховар» бо такя ба КДАМ Тоҷикистон хабар додааст.Онҳо ҳамраисҳои ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд
Музокироти навбатӣ дар Бӯстони вилояти Суғд сурат гирифт.Дар натиҷа, тасмим гирифта шуд, ки ҷонибҳо барои муайян кардани сарҳад дар минтақаҳои боқимонда корҳоро идома диҳанд.Сарони ҳайатҳои ду кишвар масъалаҳои делимитатсияи сарҳади муштаракро баррасӣ намуда, «ба гурӯҳҳои корӣ <…> супоришҳои мушаххас доданд, то корҳоро оид ба муайян кардани мавқеъи хатти марзии ду давлат дар қисматҳои боқимонда идома диҳанд. ."Таъкид шудааст, ки мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қисмате аз хати он ҳанӯз мушаххас ва ё аломатгузорӣ нашудааст.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омадааст — ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш бирасанд.Ҳудуди муайяннашуда доиман ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, сарҳадбонони ду кишвар низ ба он ҷалб мешуданд. Раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов борҳо масъалаи марзро баррасӣ кардаанд.Вазъ дар минтақаҳои баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.
Дар чанд соли ахир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохӯриҳо бо навбат дар ҳудуҳои ҳар ду ҷумҳурӣ барпо мегарданд. Тарафҳо ният доранд, ки корро дар ояндаи наздик пурра ба анҷом расонанд.

Сарчашма:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий