Қурбониҳову зарар: Эълони паёмадҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
Бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тайи 9 моҳ 15 нафар ба ҳалокат расидаанд.Дар ин бора Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод."Давоми 9 моҳи соли 2024 дар кишвар зиёда аз 500 ҳодисаҳои табиӣ ба мисли омадани сел, сангфароӣ, тарма ва дигар ҳодисаҳо ба қайд гирифта шудаанд«, — афзуд номбурда.Ҳамзамон вай афзуд, ки дар 51 ҳолат хоҷагиҳо зарар дидаанд.Номбурда гуфт, ки дар кишвар то охири моҳи ҷорӣ ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.Аз сайёҳон хоста шуд, ки сафари худро ба куҳсор бо намояндагони КҲФ Тоҷикистон мувофиқа кунанд.Эҳтимолияти фаромадани тарма ва омадани сел то охири моҳи ноябр зиёд аст, гуфт сухангӯи КҲФ-и кишвар.
»Сокинон ва сайёҳон дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд. Пеш аз сафар ба кӯҳ бояд хатсайри худро бо намояндагони КҲФ мувофиқа кунанд«, — таъкид кард Юсуфӣ.Масъули КҲФ ба сокинони манотиқи кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ муроҷиат мекунад ва тавсия медиҳад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар чарогоҳҳо, ҳузур дар соҳили обҳо эҳтиёткор бошанд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)