Раҳмон хостори қатъи парвандасозиҳо барои лайк ва беҳбуди кори намояндагиҳо дар Русия шуд

Раҳмон хостори қатъи парвандасозиҳо барои лайк ва беҳбуди кори намояндагиҳо дар Русия шуд
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар мулоқот бо масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфт, дар баробари натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ камбудиҳои зиёд низ ба назар мерасанд."Масалан, вақтҳои охир аз ҷониби мақомоти мазкур вобаста ба далел ҳисобидани маводу наворҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, аз тарафи баъзе шаҳрвандон гузоштани лайкҳо боиси сарсониву саргардонии онҳо гардида истодааст«, — гуфт ӯ.
Раисҷумҳур таъкид намуд, ки баъзе мақомот нисбат ба онҳо беасос парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз менамоянд, ки ба ин амал бояд хотима дода шавад.Ҳамчунин раисҷумҳури Тоҷикистон аз кори намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар Русия норозӣ кард.
Вай дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Душанбе гуфт, фаъолияти сусти намояндагии мақомоти Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия камбудии ҷиддии дигар мебошад, ки гурӯҳи корӣ рафта, вазифаҳои онҳоро иҷро карда истодааст.Вай хостори таҳкими мубориза бо зуҳуроти харобиовари ифротгароӣ ва фаъолияти созмонҳои террористӣ шуд, ки хусусият ва миқёси ҷаҳонӣ касб кардааст.Вай афзуд, ки дар баробари терроризму экстремизм ба суботу оромии ҷомеа таҳдид мекунад, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор мебошад.
Президенти кишвар қайд кард, ки воридшавии воситаҳои нашъадор ва муомилоти он дар кишвар нисбат ба соли гузашта зиёд гардида истодааст ва вазъият дар ин самт ташвишовар боқӣ мемонад."То ҳол дар ҷойҳои дилхушӣ ва ҷамъиятӣ фурӯши маводи мухаддири синтетикӣ ҷой дорад ва шумораи нашъамандон ҳанӯз зиёд мебошад«, — қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки даромад аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ мебошад."Аз ин рӯ, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки фаъолияти худро вобаста ба пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор куллан тағйир диҳанд«, — гуфт раҳбари кишвар.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз сабти 6,5 ҳазор фолбину муллои чаласавод дар Тоҷикистон таъкид кард.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар кишвар 1500 нафар шахсоне, ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул буданд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин зиёда аз 5000 нафар муллоҳои чаласавод барои хурофотпарастӣ дастгир гардида, ба қайди мақомоти корҳои дохилӣ гузошта шудаанд, афзуд раисҷумҳури Тоҷикистон.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зимни суханрониаш хостори таҳкими назорати ҳузури хонандагону омӯзгорон дар макотиб шуд.Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо мақомот гуфт, гарчанде дар суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ таъкид карда будам, ки тартибу низоми ҳозиршавии хонандагон ва омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор дода шавад, лекин то ҳанӯз ин камбудиҳо ҷой доранд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​


Комментарии (0)

Оставить комментарий