Зимни амалиёте дар кишварҳои СПАД садҳо кило маводи мухаддир ва лавозимоти ҷангӣ ифшо шуд
Зимни як амалиёти махсус дар қаламрави кишварҳои СПАД 590 кило маводи мухаддир мусодира шудааст.Дар ин бора дафтари матбуоти созмон гузориш дода, гуфтааст, ки амалиёт таҳти унвони «Канал-Авангард» тайи чаҳор рӯзи ҳафтаи гузашта давом кард.Гуфта мешавад, ки ситоди байналмиллалии ҳамоҳангсозӣ барои идораи амалиёт дар Душанбе мустақар шудааст.Дар амалиёт ҳудуди 24 ҳазор корманди мақомоти салоҳиятдор, дастаҳои кинологӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин, таҷҳизоти махсус ва санҷишӣ ҷалб карда шуданд.
Котиботи созмон мегӯяд, ки дар ҷараёни амалиёт 34 аслиҳаи оташфишон ва қариб 1457 адад лавозимоти ҷангӣ низ мусодира шуд.
Зимни анҷоми амалиёт, ниҳодҳои иктишофии молиявӣ беш аз 16 ҳазор амалиёти молиявии шубҳанокро бо ҷалби беш аз 200 нафар, ки гӯё ба қочоқи маводи мухаддир даст доранд, ошкор намуданд.Маблағи умумии муомилоти муайяншуда беш аз 6 миллиард рублро ташкил медиҳад, ки аксари онҳо ба транзити маблағҳо, пасандозҳо ва гирифтани пули нақд, истифодаи кортҳои бонкии «партофтан» ва муомилоти криптовалютӣ марбутанд."Хадамоти иктишофии молии Қазоқистон ва Тоҷикистон интиқоли маблағ дар 31 суратҳисоби муттаҳамон ба маблағи тақрибан 2 млн рублро мутаваққиф карданд«, — афзудааст манбаъ.Ҳамзамон таъкид мешавад, ки тавассути кори дастаҷамъӣ фаъолияти чанд гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ ошкор карда шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар амалиёт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, хадамоти амнияти давлатӣ, воҳидҳои иктишофии молиявии кишварҳои узви СПАД, инчунин нозирон аз Чин, Эрон, СҲШ, UNODC, СММ, ИДМ ширкат варзиданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)