Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон миллиардҳо сомонӣ афзудааст

Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон миллиардҳо сомонӣ афзудааст
Давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории Тоҷикистон дар ҳаҷми қариб 52 млрду 280,5 сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.Дар ин бора Агентии омори кишвар хабар дода гуфтааст, ки рушди истеҳсол 111,4 дарсадро ташкил додааст.Ин дарҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2023 ба гузориши Вазорати кишоварзӣ, ҷумҳурӣ ба маблағи 44 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда буд.Ба иттилои манбаъ, истеҳсолот дар соҳаи растанипарварӣ 39 млрду 177,0 млн сомонӣ ва чорводорӣ бошад, 13 млрду 103,5 млн сомонӣ зиёд аст.
Тавлиди маҳсулоти растанипарварӣ дар ин муддат қариб 11,9% ва маҳсулоти чорвопарварӣ 9,8% афзоиш ёфтааст.Дар ин давра ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 60%-ро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсол ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ ё 111,5% баробар гардидааст.Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ беш аз 1,5 млн тонна ғалладонагиҳо (аз ҷумла гандум 866014 тонна), 103 ҳазору 782 тонна пахта, 937ҳазору 367 тонна картошка, 2669029 тонна сабзавот (аз ҷумла, пиёз 804 ҳазору 571 тонна), 1028258 тонна полизӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Ҳамчунин 614 ҳазору 820 тонна мевагиҳо (аз ҷумла, 149 ҳазору 613 тонна себ ва 258 ҳазору 978 тонна зардолу), ангур 196 ҳазор 293 тонна ҷамъоварӣ шудааст.Гуфта мешавад, ки дар ин давра ғалладонагиҳо 6,2% (аз ҷумла, 4,6 фоиз гандум), картошка 16,5%, сабзавот 8,9%, (аз ҷумла 5,0 фоиз пиёз), мевагиҳо 20,1%, ангур 32,6% зиёд гардидааст.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий