Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфт
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 бар ҳамсолони худ аз Уммон пирӯз шуд.Ин озӣ дар варзишгоҳи «Бишан"-и Сингапур имрӯз доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба поён расид.Ба гузоришиш ФФТ ин пирӯзӣ роҳи яккачини наврасонро ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ҳамвор кард.Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон ягон бохт надошт.
Бозии ҳангомавии дастпарварони Марко Раҷини бар тимҳои Гуам буд, ки бо 33:0 поён ёфт ва ҳамчунин Тоҷикистон Сингапурро низ 3:1 шикаст дод.
Ҳамакнун наврасони мо бо касби нуҳ имтиёз дар гурӯҳи «J» мақоми аввалро касб карда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёфтанд.Бозиҳои ниҳоии мусобиқа аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий